Рубрики Хабарҳо

Танҳо дар Истаравшан шабонарӯз 15 нафар аз коруно ҷон медиҳанд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шумори қурбониёни вируси коруно дар кишварро аз 1-2 нафар рӯзона бештар намегӯяд, дар саросари кишвар мавҷи саввуми коруно, ки ғолибан навъи “делта”-и он аст, шабонарӯз ҷони садҳо нафарро мегирад.

Тибқи иттилоъи оид COVID-19, шабонарӯзи гузашта шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 81 нафар зиёд шуд. Ин иттилоъи расмӣ афзоиши навбатии рекордии беморон давоми як шабонарӯз мебошад. Аммо хабарҳои расида аз манобеъ ва корбарон аз вазъи дигар қисса мекунад: танҳо шумори ҷонбохтагон аз ин вирус бамаротиб бештар аз шуморест, ки мақомот чун гирифторон зикр мекунанд. 

Тибқи иттилоъи як табиб аз шаҳри Истаравшан, дар ин шаҳр дар як шабонарӯз аз коруно на камтар аз 15 нафар ҷон медиҳанд. Ин танҳо он оморест, ки беморхонаи фаъолиятмекардаи ӯ дарёфт мекунад ва имкон дорад шумор аз ин ҳам бештар бошад. Ҳамин гуна ҳолат дар навоҳии Ашту Исфара аст, ки дар бархе ҷамоъатҳо дар ҳар хонаводае чанд бемор вуҷуд дорад ва ҳар рӯз хабари марги чанд нафар шунида мешавад. Барои мисол, дар ҷамоъатҳои Чоркӯҳи Исфара ва Ошобаи Ашт тақрибан хонаводае вуҷуд надорад, ки бемори коруно надошта бошад.

Бино ба Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 14 ҳазору 673 нафар расидааст, аммо коршиносон ба ин назаранд, ки алъон шумори гирифторон дар як рӯз шояд бештар аз ин рақам бошад. 

Шумори фавтидагонро аз ин беморӣ аз оғози пандемия вазорат 118 нафар мегӯяд, аммо тибқи ҳисобҳо, танҳо шумори қурбониёни шабонарӯз дар вилояти Суғд аз ин рақам бештар аст. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки  мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, нақшаи роҳандозии карантин рӯи даст набуда, бо такя ба масъулиятшиносии ҳар шаҳрванд амал хоҳанд кард

Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, қарантин барои давлат як тартибу низом дорад, ки дар шароити феълии Тоҷикистон амалӣ намешавад.

Ӯ тавзеҳ дод, ки карантин аз ҳодисаҳои алоҳида, вақте 10 — 12 ҳолат дар як минтақа пайдо мешавад, амалӣ мегардад. Ноиби вазир гуфт, дар ин сурат низ чӣ қадар корҳоро анҷом додан даркор, то он ҳолатҳоро пайдо карду ба карантини инфиродӣ, оилавӣ ва ё корхонавӣ фаро гирифт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *