Рубрики Хабарҳо

Дар Краснодар марде чанд нафарро парронд (навор)

Дар Кримск, қаламрави Краснодар як мард чанд нафарро паррондааст.

Дар ин бора ба РИА Новости бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Краснодар хабар дод.

Ба иттилои манбаъ «дар паи ин ҳодиса ду нафар ба ҳалокат расида, маълумот дар бораи қурбониён мушаххас карда мешавад».

Қаблан додситонии вилоят аз тирпарронӣ дар назди маркази савдои «Славянский»-и Кримск хабар дода буд. Шахсе, ки оташ кушод, то ҳол шиносоӣ нашудааст.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар ҷойи ҳодиса муфаттишони Кумитаи тафтишотии минтақавӣ кор мекунанд.

Онҳо талош доранд, ҳолатҳои рӯйдод ва ангезаҳои ҷиноятро муайян кунанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *