Рубрики Хабарҳо

ШАҲЛОИ ГУЛХОҶА

Шаҳлои Гулхоҷа бонуест, ки метавон гуфт намоди шуҷоату матонату ҳақиқатгароист. Услуби хосаи гуфтор ва овози мувофиқи ин услуб ӯро дар як муддати кӯтоҳе миёни муштариёни адолатпарвару дорои  гӯши ҳақшунав ба як улгуи шоистаи таҳсин мубаддал кардаааст. Ӯ хабарнигор аст ва ҳар рӯз чун хабарҳоеро чун об рӯшан бар ташлабони иттилои ростин мерасонад.   Барномаи «Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон”-ро, ки гардонандагиашро Шаҳлои Гулхоҷа ва продюсериашро Искандари Хоҷармирзода ба ӯҳда доранд, ҳар рӯз аз 200 ҳазор то 400 ҳазор нафар тамошо мекунанд. Ин барнома дар ҳоли ҳозир пуртамошобинтарин барномаи телевизионӣ дар байни тамоми бахшҳои Радиои Озодӣ дониста мешавад.

Шаҳлои Гулхоҷа санаи шашуми сентябри соли 1982 дар пойтахти кишварамон Душанбешаҳр ба дунё омаду ба камоли маънавиёт расиду ҳоло дар шаҳри Прага умр ба сар мебарад, зеро дар Ватан наметавон рӯзноманигори ҳақиқатгаро будану осуда зистан. Ҳафтаи сипаришуда саросари шабакаи иҷтимоии фейсбукро садои эътирози аҳли фазлу  адаби кишвар ва хеле аз хориҷи меҳан муқобили тӯдае бефаровезони бо ном гурӯҳи “Фабрикаи ҷавоб”, ки миёни мардум мулаққаб ба “Фермаи ҷавоб” гардидааст, печонид.  

Шаҳлои Гулхоҷа, муҷрии барномаи телевизионии «Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон”-и Радиои Озодӣ баъд аз нашри баҳси раҳбари мухолифин Муҳиддин Кабирӣ бо узви собиқи «Гуруҳи 24” Собир Валиев чанд рӯз боз ҳадафи ҳамлаи тунд ва яқинан ҳамоҳангшудаи троллҳои «Фермаи ҷавоб” қарор гирифтааст. Ин троллҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо як шакли таҳқиромез аксҳои Шаҳлои Гулхоҷаро фотошоп карда, дар ҳаққаш суханҳои хеле бади пур аз таҳқир ва туҳмат навиштаанд.

 Рӯзноманигори варзида Мирзои  Салимпур дар ин бора чунин меандешад:

Ин кирдори ғайриқонунӣ ва берун аз ахлоқро Кунгураи Урупоии Рӯзноманигорон ва Блогнависони Тоҷик шадидан маҳкум мекунад.

Мо бар онем, ки ин тарзи бархурд, на танҳо дар кадом поя қарор доштани сатҳи бинишу бардошти ниҳодҳои махсуси ҳукуматро ба намоиш мегузорад, балки дар маҷмуъ нуфузи Ҳукумати Тоҷикистонро низ олӯда месозад.

“Фермаи ҷавоб” як гуруҳи бадноми троллҳоест, ки мақомоти Тоҷикистон бо мақсади ҳамлаву таъқиб ва тарсондани журналистон, фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ ва мухолифин ташкил кардаанд. Муаллифони ин “ферма” бо лаҳни пур аз фаҳшу дашном ва сатҳи пасти ахлоқу донишашон бадном шуда, аксаран дар навиштаҳояшон ҳатто оддитарин меъёрҳои ахлоқиву инсониро поймол мекунанд.

Дар посух даҳҳо нафар ба ҳимоят аз Шаҳлои Гулхоҷа бархоста, навиштаанд, ки ин ҳамлаҳои оҷизонаву буздилонаи “фермаи ҷавоб” баракс баёнгӯи муваффақияти ӯст ва набояд сабаби озурдагӣ ваё дилмондагиаш шавад.

Рӯзноманигори шинохта Додоҷони Атоулло дар ин бораи афкори мушаххас баён карда гуфтааст : Шаҳлои Гулхоҷаро як бор дидаам. Танҳо як бор. Аз даричаи вотсап. Ҳангоме, ки бо ман муҳовара орост. Суолҳояш дандоншикан буданд. Бархе аз пурсишҳояш водор мекард, ки сукут варзам ва бо мушкилу бо азоб аз “ҳалукаш” раҳоӣ биҷӯям. Чун сӯҳбат анҷом ёфт, оҳи сабуке кашидам, ки “аз бало халос шудам”. Ба маънои нағзаш. Аммо шодӣ кардам, ки ба майдон журналисте ворид гаштааст, ки аз “ҳампешаи ман” гуфтан ифтихор менамоӣ.

Шаҳлои Гулхоҷа аз маҳбубтарин рӯзноманигорони Тоҷикистон аст, ки нашри чанд мусоҳибааш сабаб шуд, ки ниҳодҳои алоҳида ба ӯ душманӣ варзанд. Ӯ ҳамеша талош кардааст, ки рисолати хешро анҷом диҳад, ба норӯшаниҳое рӯшанӣ андозад. Навгониҳое ҷорӣ намояд, ки табиист мавриди писанди ҳама нест. Ҳар нуктае, ки ниҳодҳои давлатӣ ё гурӯҳҳои вобаста ба он бо он мувофиқ нестанд, метавонанд бо навиштани раддияе, бо баёни қавонини рӯзноманигорӣ ва рисолати рӯзноманигор баён кунанд. Аммо нашри корикотурҳои бениҳоят зишт барои мақомот ва Ҳукумати Тоҷикистон обрӯе боқӣ нагузошт.

Ин корикотурҳо на танҳо шахсияти як рӯзноманигорро, балки шахси ЗАНИ ТОҶИК-ро

зери дашном бурданд. Талоши бадном кардани Шаҳлои Гулхоҷа бадном кардани тамоми занони боисмати Тоҷикистон аст!

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *