Рубрики Хабарҳо

Ҷойивазкунии раисҳо идома дорад

Рустам Акрамзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз мансабаш барканор шуда, ба ҷойи ӯ Азизулло Исматзода таъин гардид. Ҳарчанд дар фармони раиси ҷумҳур аз 24-уми ноябр гуфта шудааст, ки Акрамзодаро бо сабаби «ба вазифаи дигар гузаштан» аз мансаб гирифтанд, аммо худи ӯ ба расонаҳо гуфтааст, ки «ба ҳеч вазифаи дигар таъин накарданд».

Радиои Озодӣ менависад, барканории Акрамзода пас аз панҷ рӯзи нашри таҳқиқотии ин расона дар бораи тақсими нодурусти замин дар ноҳияи Рӯдакӣ иттифоқ уфтод. 

Ноҳияи Рӯдакӣ, ки шаҳри Душанберо аз се самт печондааст, дар панҷ соли охир бо хабарҳои тақсими ғайриқонунӣ ва фурӯши замин «шӯҳрат» ёфтааст.

Инро бори аввал соли 2017 президенти Тоҷикистон эътироф карда бо дастури ӯ он вақт дар ин ҷо ситоди муштараки Додситонии кул ва Кумитаи замин таъсис дода шуда буд, то аз фасод дар тақсими замин пешгирӣ шавад. Як сол баъдаш, раисҷумҳур ҳангоми ба мақоми раиси ноҳия таъйин кардани Рустам Акрамзода, аз ӯ хост, ба ин «дард» даво ёбад.

Дар мақолаи панҷ рӯз пеши Радиои Озодӣ гап дар бораи хонуме мерафт, ки дар зарфи дуюним моҳ дар ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби замин шудааст, дар ҳоле ки садҳо нафари дигар солҳо боз дар навбат ҳастанд.

Тибқи маълумоти расонаишуда, ин хонуми соҳиби заминшуда, ҳамсари яке аз наздикони раиси ноҳияи Рӯдакӣ будааст ва маҳз барои ҳамин хеле зуд ва бо нақзи муқаррарот соҳиби замин гаштааст. Аммо, Рустам Акрамзода робитаи хешутаборияшро бо ин хонум рад кардааст.

Дар ҳамин ҳол Азия Плюс хабар дод, ки раисони Хоруғ, Исфара, Шаҳринав, Файзобод ва Муъминобод ҳам барканор шуданд.

Кишвар Шамиров аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шудааст. Алишер Мирзонабот, ки то ин вақт муовини якуми раиси ин вилоят буд раиси шаҳри Хоруғ таъин шудааст. 

Раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд Акрам Сулаймонзода ҳам аз мақомаш барканор шудаву ба ҷойи ӯ Баҳоваддин Баҳодурзода раиси ин шаҳр таъин шудааст.

Нусратулло Аюбзода ҳам аз мақоми раиси ноҳияи Шаҳринав озоду ба ҷойи ӯ Ҷаббор Носирзода раис таъин шудааст.

Раисони ноҳияи Файзобод ҳам бо сабаби ба кори дигар гузаштан ба курсии раиси ноҳия хайрухуш кардаву Бобишо Холзода ба ин курсӣ такя зад. Бобишо Холзода то ин замон сардори Раёсати раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба далели ба кори дигар гузашта раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Тоҳирхон Амиршозодаро аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Лутфия Шарифзодаро раис кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *