Рубрики Хабарҳо

Амрико фурӯши маҳсулоти ширкатҳои фанноварии чиниро мамнӯъ кард

Амрико воридот ва фурӯши таҷҳизоти мухобиротии насли нав аз 5 ширкати фанноварии чинӣ аз ҷумла Huawei-ро ба далели нигарониҳои амнияти миллӣ мамнӯъ кард. 

Комиссияи иртибототи федеролии Амрико (FCC) ба иттифоқи оро қонунҳои наве барои мамнуъияти фурӯш ва воридоти таҷҳизоти иртиботии тавлидшуда тавассути ширкатҳои фановарии чиниро тасвиб кард. 

Ҷессика Розенворсел, раиси комиссияи иртибототи федерали Амрико эълом кард: қавонини нав бахши муҳимме аз иқдомоти давомдор барои муҳофизат аз мардум дар баробари таҳдидҳои амнияти миллӣ дар маҳдудаи иртиботот аст. 

Вай афзуд: комиссия бо итминон аз ин ки таҷҳизоти иртиботии ғайри қобили эътимод дар дохили марзҳои Иёлоти муттаҳида истифода намешавад, вазифадори муҳофизат аз амнияти миллии худ аст. 

Аз ҷумла ширкатҳои фановарӣ, ки воридот ва фурӯши маҳсулоти онҳо дар кишвар мамнуъ аст, метавон ба Huawei ва ҳамчунин ZTE, Hikvision, Dahua ва Hytera ишора кард. 

Ин дар ҳолест, ки Hikvision, ширкати давлатии чинӣ тавлидкунандаи таҷҳизоти назоратии ғайри низомӣ ва низомӣ, эълом кард, ки маҳсулоти ин ширкат ҳеҷ гуна таҳдиди амниятӣ барои Амрико эҷод намекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *