Рубрики Хабарҳо

Бархӯрди Лэнд Крузер ба бинои марказии Мегафон

Соати 1-и шаби имрӯз як Лэнд Крузер 200 ба бинои марказии ширкати мобилии Мегафон бархӯрд кардааст. Бинобар набудани кормнадони идора, касе аз ин бархӯрд осеб надидааст.

Мошини Toyota Land Cruiser 200, ки ҳанӯз маълум нест ба кӣ таъаллуқ дорад, соати яки шаб ба бинои марказии Мегафон воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 89 бархӯрда, ба ин бино осеб расонидааст.

Дар аксе, ки як хонандаи Паём фиристодааст, дида мешавад, ки шишаҳои бинои ширкати Мегафон шикаста шудааст ва худи мошин сахт осеб дидааст. Қисмати пеши мошин пурра фурӯ рафта, вале бинобар сатҳи хуби бехатарӣ дар ин навъ мошинҳо, бо гумони ғолиб ронанда сиҳату саломат аст.

Аз ин осеби дидаи мошин мешавад хулоса кард, ки суръати ҳаракати мошин хеле баланд будааст. Зоҳиран ронанда мехост ба хиёбони Исмоили Сомони бигардад.

Бо суръати баланд ҳаракат кардан дар кӯчаҳои Душанбе яке аз шуғлҳои дӯстдоштаи ҷавонони тиллоӣ дар Душанбе аст. Чанд сол қабл шаҳрдори имрӯзаи Душанбе, писари раисҷумҳур шабона дар ин хиёбон бо дӯстонаш пойга ташкил медод.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *