Шумори оташсӯзиҳо дар Канада ба 1100 маврид расид. Давлат аз сокинони шаҳри Йеллоунайф воқеъ дар шимоли кишвар хост шаҳрро тарк кунанд. Даҳҳо ҳазор нафар бо худрави шахсӣ ва автобус манотиқи оташсӯзиро тарк карданд. 4 нафар бар асари оташсӯзӣ ҷон бохтанд.
Шаҳри Йеллоунайф, маркази “сарзаминҳои шимолу ғарбӣ” 20 ҳазор аҳолӣ дорад ва давлати Канада дар як нишасти изтирорӣ ба аҳолӣ мӯҳлат додааст то зӯҳри рӯзи ҷумъа 18 август маҳалли зиндагии худро тарк кунанд.
Расонаҳои Канада рӯзи панҷшанбе 17 август хабар доданд шӯълаҳои оташ ба 17 километрии ин шаҳр расидааст. Сафҳои тӯлонӣ дар муқобили нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва таҷаммӯъ дар ҷодаҳои хориҷ аз шаҳр гузориш шудааст.
Мақомот дар бораи вахим шудани авзоъи манотиқи оташсӯзӣ дар рӯзҳои ахир ҳушдор доданд. Шӯълаҳои оташи минтақаӣ ба масоҳати тақрибан 150 ҳазор километри мураббаъро дар маърази таҳдид ва нобудӣ қарор додааст. Дасти кам 168 ҳазор нафар маҷбур ба тарки хонаҳои худ шуданд.
Дар шимолу ғарбии кишвар вазъияти изтирорӣ эълом шуда ва беш аз 230 мавриди оташсӯзӣ гузориш шудааст.
Шин Томпсон, вазири муҳити зисти сарзаминҳои шимолу ғарбӣ дар як конфронси хабарӣ зимни наздик шудани оташсӯзӣ аз самти ғарб ба Йеллоунайф гуфт: “ман мехоҳам таъкид кунам, ки шаҳр дар маърази хатари фаврӣ нест аммо бидуни борон, мумкин аст шӯълаҳои оташ то охири ҳафта ба ҳавмаи шаҳр бирасад ва агар хостед бимонед худ ва дигаронро дар маърази хатар қарор медиҳед.”
Пас аз он ки оташсӯзӣ ҷодаҳоро ногузир кард, артиши Канада тахлияи сокинони манотиқи шимолу ғарбиро оғоз намуд. Гузориш шудааст дуди ғализ монеъ аз кор имдод ва наҷот ва хомӯшсозии оташ мешавад. Ба гуфтаи мақомот, чаҳор нафар низ дар оташсӯзии ҷангалҳои Канада ҷони худро аз даст додаанд.
Ҷостин Трюда, нахуствазири Канада рӯзи ҷумъа 18 август дар Твиттер хабар дод, ки бо масъулони маҳаллӣ аз ҷумла шаҳрдори Йеллоунайф мураттаб дар тамос аст ва дар иртибот бо кумаки давлат ба манотиқи осебдида дар оташсӯзӣ сӯҳбат кардааст.
Тибқи гуфтаи мақомоти Канада 13 миллиону 200 ҳазор гектар манотиқи табиӣ дар оташсӯзиҳои имсоли Канада сӯхтааст. Коршиносон мегӯянд тағйироти иқлимӣ ва ба вижа баҳори хушк ва ҳавои гарми имсол ба оташсӯзиҳои бештаре доман задааст.