11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

“Толибон”-и покистонӣ дастури ҳамла ба саросари Покистонро дод

Таҳрики Толибони Покистон мегӯяд оташбас бо ҳукумати ин кишвар ба поён расида ва ба ҷангҷуёнаш дастури ҳамла ба саросари Покистонро додааст. 

Дар эъломияи ТТП омада, ки ин ҳамалот дар посух ба амалиёти низомиёни покистонӣ бар аъзои ин гурӯҳ сурат мегирад. ТТП аз моҳи июн оташбаси номаҳдуд эълом карда буд. 

Ин гурӯҳ ҳамчунин гуфтааст, ки барои пешрафти гуфтугӯҳои сулҳ ҳамалоте бар низомиёни покистонӣ анҷом надодааст, аммо артиш ва истихбороти Покистон аз ҳамлаи худ бар аъзои гурӯҳ даст набардоштаанд. 

Умрон Хон, нахуствазири пешини Покистон дар моҳи октябр соли 2021 аз оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибони покистонӣ хабар дода буд. 

Ду тараф дар моҳи ноябри соли гузашта бар оташбаси як моҳа тавофуқ карданд. 

Аммо ТТП баъдтар эълом кард, ки танҳо ҳамалоти дифоъии худро дар манотиқе анҷом хоҳад дод, ки аз сӯи артиши Покистон мавриди ҳамла қарор гирад. 

Дар моҳи июни имсол ин гурӯҳ эълом кард, ки барои пешрафт дар гуфтугӯҳо оташбаси номаҳдуд то иттилоии баъдӣ барқарор аст. 

Гуфтугӯи давлати Покистон бо толибони покистонӣ бо миёнҷигарии Толибони Афғонистон ба вижа Сироҷиддин Ҳаққонӣ оғоз шуд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *