Рубрики Хабарҳо

Конслагери вируси чинӣ дар Тоҷикистон метавонад сабаби паҳншавии вирус гардад

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард давоми ду рӯзи дигар 58 донишҷӯи тоҷикро аз шаҳри Вуҳани Чин ба кишвар бармегардонад. Аммо бо назардошти ин ки 645 нафари баргашта дар чӣ ҳолате карантин карда шудаанд, ба назар мерасад мондани ин донишҷӯён ҳатто дар маркази вирус – Вуҳон бехатартар аз баргаштанашон ба Тоҷикистон аст.

Тибқи иттилоъи як манбаъи Паём, нафароне, ки баъди баргаштан аз Чин ба карантин гирифта шудаанд, дар ҳолате нигоҳдорӣ мешаванд, ки агар як нафари онҳо бемор бошад, на танҳо ҳамаи онҳо, балки даҳҳо нафар кормандони ин беморхона низ мубталои вирус хоҳанд шуд (агар то ҳол нашуда бошанд). 

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар нишасти хабариаш имрӯз, 6 феврал иттилоъ дод, ки то ду рӯзи дигар донишҷӯёни тоҷик аз Вуҳани Чин ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Ӯ шумори шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вуҳанро 58 нафар гуфт. 

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ аз ситоди доимамалкунандаи мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон хабар дода гуфт, то имрӯз 645 нафар афроди аз Чин бозгашта ба ҳолати карантин фаро гирифта шудаанд. Бештари онҳо донишҷӯён ва соҳибкорон мебошанд ва 47 нафарашон ҳам шаҳрвандони Чин ҳастанд.

Ӯ гуфт то имрӯз миёни 645 нафари дар карантин қарордошта ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. 

Дар ҳамин ҳол Паём тавоанист бо яке аз онҳое, ки дар карантин қарор доранд дар тамос шавад. Аз нақли ин манбаъ маълум гардид, ки “карантин”-и Олимзода на танҳо вуруди вирус ба Тоҷикистонро пешгирӣ намекунад, балки имкон дорад сабаби аслии паҳншавии короновирус дар Тоҷикистон гардад. 

Манбаъи Паём гуфт як ҳафта қабл аз Чин баргаштааст ва дар фурӯдгоҳ ба онҳо гуфтаанд, ба беморхона барои ташхис мебаранд ва ташхиш ҳамагӣ ним соат тӯл мекашад. Аммо баъди расидан ба беморхона ҳамаи онҳоро онҷо ҳабс кардаанд. Ӯ мегӯяд дар роҳ ба Тоҷикистон онҳоро дар 4 кишвар ташхис кардаанд, аммо ҳеҷ ташхисе бештар аз 2 дақиқа тӯл накашидааст. 

Ин манбаъ мегӯяд онҳоро дар ҳолати бисёр бади санитарӣ нигоҳ медоранд ва мисли ҷинояткорон муносибат мекунанд. Як нафаре, ки хостааст боздоштгоҳро тарк карда ба хонааш баргардад, аз тарафи нигаҳбонон ва пулис шадидан латукӯб шудааст.

“Мегӯянд дар 14 рӯз касе зинда монд, масъалаашро мебинем, касе мурд, ӯро алов мезанем” – қисса кард ин донишҷӯи тоҷик. 

Ӯ мегӯяд карантин бештар ба як конслагер шабоҳат дорад. “Дирӯз дар телевизион дидам, як табиб аз ҳамин беморхона мегӯяд мо онҳоро зери назорати доимӣ гирифтаем, ягон нафарашон бемор нестанд. Рӯша сиёҳ мекунад, то ҳол ба назди мо ғайри фаррошҳо ягон нафар надаромадааст”. 

Ба гуфтаи ин донишҷӯ, дар беморхонае, ки онҳоро нигоҳдорӣ мекунанд,   ҳоҷатхона барои 80 нафар мавҷуд мебошад, ки аксари вақт об надорад ва ҳолати санитарӣ бисёр бад аст. 

“Мегӯянд, ки чаҳор вақт ба хӯрок таъмин кардаем. Дурӯғи маҳз аст, касе пул дорад хӯрокаш меоранд, касе надорад нони қоқ хӯрда шиштаст” – гуфт ӯ. 

Манбаъи Паём ҳамчунин гуфт “ҳашт дона ҳароратсанҷ доранд, ки барои 250 нафар истифода мебаранд. Байнамон қариб 50 нафар хитойи ҳам ҳаст”. 

Ин вазъи бади инсониву санитарии нигоҳдории баргаштагон аз Чин дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки кишварҳои дигар афроди бозгаштаро дар утоқҳои алоҳида ва шароити хуби санитарӣ нигоҳ медоранд, то агар яке бемор бошад ба дигарон сироят накунад. 

Худо нокарда, агар аз ин 645 нафар 1 нафарашон бемор буд, дар ин шароити нигоҳдорӣ на танҳо аксари карантиншудаҳо, балки фаррошон ва шояд нигоҳбонҳо ҳам сироят шудаанд.

Худо кунад, ки касе аз онҳо гирифтори короновирус набошад. 

Дирӯз мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки ба далели ҷилавгирӣ аз шуйӯъи короновирус дар вилояти Бадахшон, ки бо Чин марзҳои муштарак дорад, марзҳои ин вилоят бо Чин ва Тоҷикистон баста шудааст. 

Зоҳиран афғонҳо аз муносибати мақомоти Тоҷикистон бо ин вируси хатарнок хабардор шудаанд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *