Мақомҳои афғон гуфтаанд, ки ба далели ҷилавгирӣ аз шуйӯъи короновирус дар вилояти Бадахшон, ки бо Чин марзҳои муштарак дорад, марзҳои ин вилоят бо Чин ва Тоҷикистон баста шудааст.
Доктор Нур Ховарӣ, раиси сиҳати оммаи Бадахшон рӯз чаҳоршанбе, панҷум феврал ба расонаҳо гуфт, ки марз бо Чин ва Тоҷикистон дар вулусволиҳои Ишкошим, Шуғнон, Насӣ, Хоҳон ва Моим баста шудааст.
Доктор Ховарӣ афзуд, ки тимҳои сиҳатӣ дар ин нуқоти марзи муваззаф шудаанд то касонеро, ки дар ин масир тараддуд мекунанд, баррасӣ кунанд. Ў гуфт, ки агар вирус аз нафаре кашф шавад, барои давои он тадобири ҷиддӣ гирифта хоҳад шуд.
Раиси сиҳати оммаи Бадахшон ҳамчунин гуфт, ки барномаҳои огоҳидиҳӣ дар тамоми марокизи сиҳатӣ ҷараён дорад ва бар иловаи он бо ҳамоҳангии раёсатҳои маориф, иршод, ҳаҷу авқоф ва иттилооту фарҳанг, барномаҳои огоҳидиҳӣ дар масоҷиди Бадахшон ҷараён дорад.
Пеш аз ин раёсати сиҳати оммаи вилоят Кундуз низ аз омодагиҳо барои ҷилавгирӣ аз шуйӯъи короновирус дар марзи ин вилоят бо Тоҷикистон хабар дода буд.
Вазорати сиҳати оммаи Афғонистон марокизи вижаи сиҳатиро барои расидагӣ ба вазъияти беморони эҳтимолии ҳомили ин вирус дар Кобул ва вилоятҳо омода кардааст.
Ҳамчунон ин вазорат аз сафорати Чин дар Кобул хостааст, ки барои ҷилавгирӣ аз шуйӯъи короновирус, ба намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ ва афғонҳое, ки дар Чин ба сар мебаранд, иҷозаи сафар ба Афғонистон дода нашавад.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Афғонистон нагуфтаанд чаро марзҳояшон бо Тоҷикистонро низ бастаанд.