Рубрики Хабарҳо

Раҳматуллоҳи Раҷаб ба коруно пирӯз шуд!

Зиндонии сиёсии тоҷик, узви Раёсати олии ҲНИТ Раҳматуллоҳи Раҷаб пас аз тақрибан як моҳи гирифторӣ ба COVID-19 пирӯз шуда, аз бунгоҳи тибби  зиндони рақами 1 мураххас шуд. Дар ин бора писари ӯ Шӯҳрати Раҳматулло дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод.

Ӯ навиштааст: Ба дӯстонам хушхабар. Падарам ба беморӣ пирӯз шуданд. Худоро шукр ӯ шифо ёфт. Ӯро аз «санчасть» — шӯъбаи тандурустӣ ба «барак» — кулбаи зиндон интиқол доданд. 

Аз ҳамаи онҳое, ки барои саломатии падарам кӯшиш карданд, сипос мегӯям. Ба пизишкони шӯъбаи тандурустии зиндон, ба тавсияҳои беҳдоштии дӯстон, раҳмати Худо барояшон бод мегӯям, ки хидмат карданд. Ҳатто онҳое, ки аз дурии дуриҳо дуо мекарданд. 

Ба хусус ба сардори зиндон полковники хизмати дохилӣ, акои Хуршед Мирзозода ки ба аҳволи падарам ва дигар зиндониёни касал таваҷҷӯҳ мекарданд. 

Дар мақомотҳои давлатӣ ҳастанд инсонҳое, ки воқеъан арзандаанд ва қобили таҳсинанд. Сафатон кам мабод. Миннатдориву ташаккурии худу пайвандонро мерасонем.

Гуфтанист, баъди гирфиторӣ бо вируси коруно Раҳматуллоҳи Раҷаб ба бунгоҳи тиббии зиндони №1 интиқол ёфта, онҷо табобат мегирифт. 

Раҳматуллоҳи Раҷаб баъди ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар «кудато»-и Ҳочӣ Ҳалим Назарзода ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *