Абдузоир Гадоев, корманди Бонки Миллии Тоҷикистон, ки баъди 14 карантин мураххас шуда буд, дар ноҳияи Вахш аз COVID-19 даргузашт. Маълум шуд ӯ ҳамчунин писарашро ҳам ҳамроҳ бо синҳору наберааш гирифтор кардааст.
Гадоев аз ҳамон гурӯҳи 40-нафараи кормандони Бонки миллӣ гуфта мешаад, ки қаблан расонаҳо аз карантинӣ шуданашон хабар дода буданд.
Манбаъи Паём гуфт, Абдузоир Гадоев дар шаҳри Душанбе мезист, аммо баъди он ки аз карантин мураххас шуд ба хонаи писараш ба ҷамоъати Рӯдакии ноҳияи Вахш меравад. Баъди чанд рӯзи беморӣ дар хонаи писараш фавтид ва рӯзи 18 май дар қабристони деҳаи Колхоз-3, ҷамоъати Рӯдакӣ ба хок супорида шуд.
Манбаъ гуфт ҳоло писар, синҳор ва набераи Гадоев ду рӯз аст, ки табъи баланд доранд ва мақомот хонаи ӯро карантин кардаанд.
Қаблан расонаҳо аз карантин шудани 40 корманди Бонки миллӣ хабар дода буданд, аммо худи бонк хабарро рад карда гуфта буд ҳама коргаронаш сари коранд.
Сообщение ПАЁМ.net.