Рубрики Хабарҳо

Эҳтимоли оддисозии равобити Анқара ва Димишқ. Урдуғон ба думболи чист?

Шавоҳид нишонгари бардоштани гомҳое аз сӯи Туркия барои наздикӣ ба Сурия ва талош барои оддисозии равобити ду кишвар аст. Урдуғон, ки замоне режими Асадро душман мешумурд, инак лаҳни дигаре ихтиёр кардааст. Гузорише аз Дойче Велла. 

Иброҳим Колин, сухангӯи раисҷумҳури Туркия, дар моҳи октябри гузашта гуфт, ки Русия пешниҳоди миёнҷигарӣ байни Раҷаб Таййиб Урдуғон ва Башшар Асад, раисҷумҳури Сурияро матраҳ кардааст. Пас аз он низ Урдуғон, раисҷумҳури Туркия, миёнаи моҳи ноябр эълом кард, ки метавонад ин пешниҳодро дар замони муносиб баррасӣ ва арзёбӣ кунад. 

Баъдҳо Абдулқодир Салуӣ, сутуннависи рӯзномаи туркиягии “Ҳуррият”, наздик ба давлати Туркия, фош кард, ки мумкин аст дидоре миёни Урдуғон ва Асад бо миёнҷигарии Владимир Путин дар Русия сурат гирад. 

Эҳтимоли оддисозии равобити Анқара -Димишқ замоне афзоиш ёфт, ки раисҷумҳури Туркия дар таърихи 20 ноябр дар маросими ифтитоҳияи Ҷоми ҷаҳонии 2022-Қатар, дидори кӯтоҳе бо Абдулфаттоҳ Сисӣ, ҳамтои мисрии худ дошт. Миёнҷии ин гуфтугӯ, Шайх Тамим ибни Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар буд. 

Урдуғон пеш аз ин дар робита бо Миср ба унвони мудофеъи Ихвонулмуслимин ва таҳти ҳимояи онҳо Муҳаммад Мурсӣ амал мекард, рӯйи кор омадани генерал Сисӣ дар Қоҳира дар соли 2013-ро танҳо як “кудатои низомӣ” медонист ва раисҷумҳури ҷадиди Мисрро “золим” мехонд. 

Пас аз ин дидор, давлати Миср тайи як баёнияи расмӣ навишт: “даст додани Урдуғон ва Сисӣ оғозе барои беҳбуди равобити дуҷониба хоҳад буд.” 

Дар ҳамин замина, вазири хориҷаи Туркия дар конфронси матбуотии муштарак бо Рашид Муродов, ҳамтои туркманистониаш, аз интихоби сафири ҷадид дар Қоҳира ва ҳамчунин қабули сафири ҷадиди Миср дар Анқара тай моҳҳои оянда хабар дод. 

Ба гузориши хабаргузории “Анатолу”, Мавлуд Човошуғлу, вазири хориҷаи Туркия, дар ин конфронс дар бораи равобит бо Сурия низ гуфт: “ҳадафи мо поён додан ба ҷанги дохилӣ дар Сурия аст. Ин равандро бо мухолифон идома медиҳем ва онон дар музокироти Остона бо режими Асад ширкат мекунанд. Ҳадафи мо эҳёи раванди сиёсӣ аз ҷумла музокирот дар бораи қонуни асосӣ аст.” 

Урдуғон низ дар як барномаи вижаи ҳизби “Адолат ва Тавсеа” барои ҷавонон дар Қуния, бо баёни ин ки дар сиёсат “ҳич кина ва қудурате” вуҷуд надорад гуфт: “дар давраи баъдӣ ҳамонтур, ки бо Миср вориди ин масир шудаем, бо Сурия низ метавонем вориди ин масир шавем.”

Ин сухани Урдуғон метавонист ҳовии паёми тамоюли ӯ барои дидор бо Башшар Асад бошад. 

Пас аз ин изҳороти Урдуғон, рӯзномаи “Ахбор”-и чопи Лубнон навишт, ки Башшар Асад дар дидор бо донишҷуён ва рӯзноманигорони сурӣ, бо ишора ба нишонаҳои омодагии Анқара барои посухгӯии ба хостаҳои Димишқ, гуфтааст: “аз Туркия интизори иқдом меравад, на ҳарф.” 

Интихоботи 2023 муҳимтарин далели Урдуғон барои наздикӣ ба Асад 

Наздик шудан ба Димишқ барои Урдуғон қабл аз интихобот зарурӣ аст. Зеро соли 2023 соли вежае барои Туркия хоҳад буд. 

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва парлумонӣ, бистумин соли ба қудрат расидани Урдуғон ва садумин солгарди таъсиси ҷумҳури Туркия, аз ҷумла далоиле ҳастанд, ки аҳамияти ин интихоботро дучандон мекунанд. 

Рақобати интихоботи оянда дар Туркия барои ҳизби ҳоким комилан мушкилсоз хоҳад буд. Бинобарин Урдуғон ба дастовардҳои қобили таваҷҷуҳе дар арсаи сиёсати хориҷӣ ниёз дорад. Ў мехоҳад ба мардуми Туркия нишон диҳад, ки қодир аст барои манофеъи миллии кишвараш ҳатто дасти дӯстӣ ба самти касоне дароз кунад, ки замоне “душман” талаққӣ мешуданд. 

Урдуғон ҳамчунин ба думболи он аст, ки ба мардуми худ бигӯяд, қодир ба ҳали мушкили паноҳандагони сурӣ дар Туркия аз тариқи эҳёи равобит бо Димишқ аст. 

Дар ҳоли ҳозир наздик ба чаҳор миллион паноҳандаи сурӣ дар Туркия ҳастанд, ки ин масъала дар канори мушкилоти густурдаи иқтисодӣ бар давлати Урдуғон ва ҳизби ӯ таъсири манфӣ гузоштааст. Дар ин замина, мухолифон ба шиддат аз Урдуғон ва сиёсати муҳоҷиратии ӯ интиқод мекунанд. Дар ин байн ҳизби “Зафар”, ки ба шиддат афкори миллигароёна дорад, талош мекунад бо изҳороти муҳоҷирҳаросона, дар интихоботи оянда саҳме барои худ дасту по кунад. 

Ин нахустин бор нест, ки Урдуғон дар интихоботи Туркия барои гирифтани ироаи мардум аз буҳрони Сурия истифода мекунад. Дар марти соли 2011, ҳангоме, ки даргирӣ дар Сурия оғоз шуд, Урдуғон, ки дар он замон нахуствазири Туркия буд, ба сурати ошкор аз иқдомоти мухолифони сурӣ ҳимоят кард. Ин рафтори Урдуғон мизони маҳбубияти ӯ дар интихоботи июн ҳамон солро тақвият кард ва он сол ҳизби Адолат ва Тавсеа бо 49.9 дарсад бештарин ороро ба даст овард. 

Қабл аз шурӯъи баҳори арабӣ ва ҷанги дохилӣ дар Сурия, Димишқ ва Анқара равобити наздике доштанд. Дар соли 2010 гардиши тиҷории байни ду кишвар аз 1.8 миллиард доллар фаротар рафта ва Туркия бузургтарин шарики тиҷории Сурия буд. Ин робита дар соли 2012 ба поинтарин ҳадди худ расид ва содироти Туркия ба Сурия ба 501 миллион доллар коҳиш ёфт. 

Манофеъи Анқара аз тавофуқи эҳтимолӣ бо Димишқ 

Раисҷумҳури Туркия дар таърихи 20 ноябр дастури оғози амалиёти низомии “панҷаи шамшер”-ро алайҳи ҳизби коргарони Курдистон (ПКК), ки Анқара онро Созмони террористӣ медонад, дар шимоли Сурия ва Ироқ содир кард. Анқара ПКК-ро масъули ҳамлаи террористӣ дар маркази Истамбул медонад, ки дар ҷараёни он бомбе дар хиёбони Истиқлол дар 13 ноябр мунфаҷир шуд. Дар натиҷаи ин ҳамла 6 нафар кушта ва дасти кам 81 нафар захмӣ шуданд. 

Дар сурати оддисозии равобити Анқара ва Димишқ, мумкин аст амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия ин бор бо таъйиди Димишқ ҳамроҳ шавад. Анқара медонад, ки Димишқ низ аз ин иқдоми Туркия ҳимоят хоҳад кард, зеро Башшар Асад низ аз наздик шудани Амрико ба курдҳо норозӣ аст. 

Албатта наздикии Анқара ба Димишқ далели дигаре низ дорад. Анқара мехоҳад ба курдҳо ин паёмро бидиҳад, ки Амрико кишвари қобили эътимоде нест ва дар сурати ҷиддитар шудани шароит, вазъи мавҷуд тағйир хоҳад кард. 

Урдуғон ҳамчунин дар пайи он аст, ки пас аз эҳёи равобит бо Сурия, ба вобастагии ин кишвар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон поён диҳад. Иқдоме, ки дар сурати тавфиқ, гоме баланд дар ҷиҳати афзоиши нуфузи Туркия дар минтақа маҳсуб хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *