Ду манбаъи огоҳ ба Рейтерз гуфтаанд, ки Ҷопон, Бритониё ва Итолиё дар авоили ҳафтаи оянда як тавофуқи пешгомонаро барои тавсеаи муштараки як ҷети ҷангандаи пешрафтаи ҷадид эълом хоҳанд кард.
Тибқи гузориши Рейтерз, ин тарҳ барои Токио ва Лондон нишондиҳандаи авҷи равобити дифоъии наздиктар аст, ки ба навбати худ ба Бритониё дар Осиё нақши амниятии бештаре медиҳад ва шарикони амниятии ҷадидеро барои Ҷопон эҷод мекунад, ки дар ниҳоят метавонад ба муқобила бо қудрати низомии рӯ ба рушди Чин кумак кунад.
Ин нахустин бор аст, ки Ҷопон бо кишварҳое фаротар аз Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар як пружаи бузурги таҷҳизоти дифоъӣ ҳамкорӣ мекунад.
Ба гуфтаи манобеъи огоҳи Рейтерз, ин иттилоия, қабл аз ин ки Ҷопон стратегияи ҷадиди амнияти миллӣ ва тарҳи тадорукоти низомии худро дар миёнаи декабр мунташир кунад, эълом хоҳад шуд.
Афзоиши таслиҳоти низомӣ метавонад буҷаи дифоъии ин кишварро дар панҷ соли оянда ду баробар кунад ва ба ҳудуди панҷ дарсад тавлиди нохолиси дохилӣ бирасонад то ҳазинаи таслиҳоти ҷадид аз ҷумла мушакҳои дурбурдро, ки барои боздорандагии Чин тарроҳӣ шудаанд пардохт кунад.
Музокирот байни Ҷопон, Бритониё ва Итолиё дар бораи ҷети ҷангандаи ҷадид, ки аз сӯи БАЕ Системз (BAE Systems) ва саноеъи сангини Митсубишӣ раҳбарӣ хоҳад шуд, дар соли оянда идома хоҳад ёфт то ҷузиёти пружа баррасӣ шавад.