Рӯзи панҷшанбе, 1 декабри соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 4 зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми одамрабоӣ ва роҳзанӣ дастгир кардаанд.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раёсати тафтишоти Санкт-Петербург ба зидди онҳо парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Гумонбаршавандагон рӯзи 24 октябри соли 2022 дар як таваққуфгоҳи мошин дар хиёбони Дунай ба як ҳамватани худ ҳамла карда, ӯро бо зӯрӣ ба мошини тамғаи “Рено” шинондаанд. Онҳо ин муҳоҷири тоҷикро латтукӯб карда, бо мошин ба қаламрави вилояти Ленинград бурдаанд ва дар он ҷо бо корду тапонча таҳдид ба куштан карда, пулу телефон ва соати ӯро ба маблағи на камтар аз 60 ҳазор рубл кашида гирифтаанд. Илова бар ин тавассути телефон аз суратҳисобаш 3500 рублро ба худ интиқол додаанд ва шиносномаву ҳуҷҷатҳои дигарашро низ гирифтаанд.
Ҳамчунин аз вай талаб кардаанд, ки агар ба онҳо 6 миллион рубл надиҳад дар борааш маълумоти бадномкунанда паҳн хоҳанд кард.
Ҷабрдида аз тарси ин таҳдидҳо эътироф кардааст, ки 800 ҳазор рубл дорад. Гаравгон бо ваъдаи бардурӯғи рафта овардани пул тавонистааст аз дасти гаравгонгирҳо фирор кунад.
Раёсати тафтишот мегӯяд, дар ҷараёни кофтукоб далелҳои барои тафтиши ин парвандаи ҷиноятӣ муҳим ёфт ва мусодира карда шудаанд.