Рубрики Хабарҳо

Қотили тиллофурӯши тоҷик ба 15 соли зиндон маҳкум шуд

Имрӯз додгоҳи вилояти Ярославл алайҳи як сокини 37-солаи Кострома ҳукми 15 соли зиндон эълон кард. Ин мард дар куштани як тоҷири тиллофурӯши тоҷикистонӣ муҷрим дониста шудааст. 

Бино ба иттилои хабаргузории маҳаллии ,  додгоҳ муайян кардааст, ки ҳамлагар дар вилояти Кострома тӯли чанд сол ба истеҳсоли ҷавоҳироти тиллоӣ машғул буда, онро ба як сокини 59-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мефурӯхтааст.

Фармоиши охирин барои истеҳсоли як басти ҷавоҳирот аз ҷониби тоҷири тоҷикистонӣ дар тирамоҳи соли 2018 бо мӯҳлати дар моҳҳои  ноябр, декабри соли 2018 дода шудааст. Зиёда аз 4 миллион рубл устои ҷавоҳирот ҳамчун пешпардохт  пул гирифта, аммо сари вақт фармоишро иҷро накардааст.  

Тоҷири тоҷикистонӣ моҳи январи соли 2019 ба Кострома рафта, бо заргар вохӯрдааст. Заргар ваъда додааст, ки ҷавоҳироти тиллои фармудаашро омода кардааст. Фармоишгарро бовар кунондааст, ки бо мошини худ ба Маскав рафта, тавассути Ярославл ба Тоҷикистон баргардад. Субҳи рӯзи дигар ҳамлагар ба ҷабрдида ҷавоҳироти вазнаш беш аз 3 кг дода, якҷоя ба самти Ярославл равон шудаанд.

Заргар дар наздикии деҳаи Дорожный вилояти Ярославл мошинро боздошта, ба ҷабрдида ҳамла намуда, ҷавоҳироти қаблан додаашро кашида гирифта, ӯро куштааст.

Ҷасади ҷабрдида танҳо дар моҳи майи соли 2019 ҳангоми корҳои геодезӣ дар як ҷангал, дар наздикии шоҳроҳи Кострома-Ярославл пайдо шудааст.

Дар хабар аз заргар ва тоҷири тоҷикистонӣ ном бурда намешавад. Танҳо гуфта шудааст, ки заргар имрӯз 2 декабр 2022 ба муҳлати 15 соли зиндон барои адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш вазнин маҳкум шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *