Путин дар маросими рӯзи 9 май ба муносибати пирӯзӣ бар Олмони миллатгаро суханронӣ хоҳад кард. Эъломи пирӯзӣ бар Укроин дар ин нутқ садо нахоҳад дод. Ҳамчунин Русия тахминҳо дар мавриди як басиҷи (мобилизатсия) умумии низомӣ дар ҳафтаи ояндаро такзиб кард. Ба гузориши Интерфакс, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар ин робита гуфт: Воқеият надорад. Иддаое бемаъност.
Песков дар баробари ин пурсиш, ки оё Владимир Путин аз фурсати “Рӯзи ғалаба” дар 9 май истифода хоҳад кард то ба таври расмӣ ба Укроин эълони ҷанг кунад, гуфт: “На. Ин иддаое бемаъност.” Эъломи басиҷи умумӣ, тибқи қавонини Русия, ба маънои вазъияти ҷангӣ ва сафарбарсозии 900 ҳазор нерӯи захира аст.
Русия дар рӯзи 9 май ба таври суннатӣ як паради низомии бузург дар Майдони сурхи Маскав баргузор мекунад то пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони миллатгаро ва поёни ҷанги дувуми ҷаҳониро ҷашн гирад. Путин қарор аст дар ин рӯзи пураҳамият барои кишвараш суханронии муҳимме дошта бошад.
Нозирони сиёсӣ пеш аз ин интизор доштанд, ки Путин дар ин нутқ пирӯзии артиши Русия бар Укроин, “нозизудоӣ” (денатсификатсия) аз ин кишвар ва ишғоли минтақаи Донбас дар шарқи Укроинро эълом кунад. Аммо бо таваҷҷуҳ ба адами пешрафтҳои воҳидҳои низомии Русия, чунин эҳтимоле намеравад.
Дар иваз, бар асоси тахмини Бен Уоллес, вазири дифоъи Бритониё, Путин аз ин муносибат истифода хоҳад кард то бо як эълони ҷанги расмӣ алайҳи Укроин ва басиҷи умумӣ, амалиёти густурдаи низомиро ташдид кунад.
Вазири дифоъи Бритониё рӯзи ҷумъаи гузашта гуфта буд: “Путин дар тамоми аҳдофаш шикаст хӯрдааст. Ман хуб метавонам тасаввур кунам, ки аз нутқи худ истифода хоҳад кард то ба нозиҳои ҷаҳон эълони ҷанг диҳад ва даст ба басиҷи мардуми Русия бизанад.” Уоллес аммо таъкид кард, ки ин танҳо назари шахсии ӯст ва бар пояи иттилооти созмонҳои махфӣ нест.
Путин борҳо таъкид карда, ки яке аз муҳимтарин аҳдофи амалиёти низомии ӯ “нозизудоӣ” аз кишвари ҳамсоя аст ва ба ҳамин далел таҳоҷум ба Укроинро “амалиёти вижаи низомӣ” номидааст.
Тибқи қавонини Русия, то замоне, ки Русия эълони ҷанг надода бошад, артиши ин кишвар иҷоза надорад сарбозони даъватиро ба ҷабҳаҳои ҷанг фиристад, балки танҳо метавонад низомиёни ҳирфаиро дар амалиёти размӣ ҷалб кунад.
Басиҷи умумӣ дар Русия, ҷалби 900 ҳазор нерӯи захираро ба думбол хоҳад дошт. Ин рӯйкард тавозуни нерӯҳоро ба кулли тағйир хоҳад дод.