Рубрики Хабарҳо

Харобиҳои сел дар чанд ноҳияи кишвар (навор)

Боришҳои шадид ва сел дар ду рӯзи охир, дар бархе навоҳии кишвар роҳу заминҳои наздиҳавлигии сокинонро тахриб карда, боиси баста шудани баъзе шоҳроҳҳо шудааст.

Аз ҷумла шоҳроҳи Ҷайҳун-Панҷ зери сел мондааст. Ҳамчунин, дар натиҷаи омадани сел дар дар километри 448-уми роҳи мошингард дар ҳудуди ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ наҷотдиҳандагон барои рафъи оқибатҳои офати табии роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ муваққатан бастаанд.

Дар наворҳое, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, дида мешавад, ки дар маркази шаҳри Кӯлоб низ сел омадааст. Рӯзи гузашта об ба заминҳои наздиҳавлигии 30 оилаи минтақаи Кӯлоб осеб расондааст.

Ҳамчунин, хабарҳо аз омадани сел дар баъзе аз минтақаҳои вилояти Суғд ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шудааст, ки дида мешавад дар деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор 130 гӯсфанд бар асари борону селобаи рӯзи 4-уми май талаф шудаанд. То ҳол ҷузъиёти чӣ гуна талаф шудани ин саршумори зиёди чорво маълум нест.

Ин ҳам навори сел дар сойи байни деҳаи Ғазантарак ва шаҳраки Ғончӣ, ки корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *