Categories Хабарҳо

Ҳисом Зубайдуллозода ба Гурҷистон рафт

Ҳисом Зубайдуллозода, фаъоли ҲНИТ ва писари узви Раёсати Олии ин ҳизб Зубайдуллоҳи Розиқ, ки чанд соат пеш дар Маскав боздошт ва ба фурӯдгоҳ бурда шуда буд, ба Гурҷистон парвоз кард.

Дар ин бора худи ӯ дар як тамоси телефонӣ аз дохили ҳавопаймо ба Паём хабар дод.

Ҳисомро имрӯз аз манзилаш  боздошт карда ба ШКД ноҳияи Сонечногорски вилояти Маскав бурда буданд. Дертар ӯ хабар дод, ки ӯро ба фурӯдгоҳ мебаранд, то аз қаламрави Русия ихроҷ кунанд. Тибқи гуфтаи худи ӯ, барояш иҷоза додаанд, ки кишвари мерафтаашро интихоб кунад ва ӯ Белорусро интихоб кардааст.

Сипас ӯ бо маслиҳати вакили дифоъаш тасмим гирифтааст ба Гурҷистон равад.

Дар сурати истирдод ба Тоҷикистон ба ин фаъоли ҳизби мухолиф шиканҷа ва мӯҳлати тӯлонии зиндон таҳдид мекард. Худи Зубайдуллозода дар сӯҳбат бо Паём гуфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ бо ихтиёри худаш ба Тоҷикистон намеравад ва агар яке дар онҷо пайдо шуд, пас ӯро маҷбуран, бидуни ихтиёри худаш фиристодаанд.

Баъдан то тамосаш аз дохили ҳавопаймо, робита бо ӯ қатъ шуд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *