Рубрики Pressa

Ширкати 1,5 млн нафар дар маросими Ҳаҷ


Мақомоти Арабистони Саудӣ эълон карданд, ки имсол 1,5 миллион шаҳрванди хориҷӣ ва 166 ҳазор сокини маҳаллӣ ҳаҷи фарзиро адо кардаанд.

Гуфта мешавад, ки бо назардошти фавти зойирони зиёд дар солҳои пеш, Арабистони Саудӣ имсол тадобири амниятиро сахтар кардааст, то аз маргумири зиёд дар маъракаи ҳаҷ пешгирӣ шавад. Соли 2024 ба сабаби гармои сахт бештар аз 1300 зойир дар Арабистони Саудӣ ҷон доданд. Мақомот гуфтанд, ки барои такрор нашудани ин ҳолат тадобири амниятиро тақвият бахшидаанд, аз ҷумла зиёрати ҳаҷ барои кӯдакони то 12-сола манъ карда шуд. Имсол аз Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор кас ба зиёрати Маккаву Мадина рафта буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *