Рубрики Хабарҳо

Мақому салоҳиятҳои Назарбоев аз сарқонуни Қазоқистон бардошта шуд

Аз сарқонуни Қазоқистон ҳамаи бандҳоеро, ки ба раисҷумҳури пешин ва “пешво”-и қазоқҳо Нурсултон Назарбоев бастагӣ дорад, ҳазв мешавад. Ин тасмим аз тарафи гурӯҳи корӣ оид ба тағйирот ба сарқонун гирифта шудааст. 

Хулосаи расмии ин гурӯҳ ин аст, ки “нақши таърихии раисҷумҳури аввал ба ҳама маълум аст ва ниёзе ба банди алоҳида дар сарқонунро надорад”. 

Дар ҷараёни ислоҳоти сарқонун аз қонуни асосии Қазоқистон ҳамаи бандҳои вобаста ба Нурсултон Назарбоев, мақом ва ихтиёроти ӯ бардошта мешавад, гуфтааст ба хабаргузории олмонии Дойче Велла узви гурӯҳи корӣ оид ба тағйирот ба сарқонун Марат Башимов.

Тибқи гуфтаи ӯ дар нишасти ҷамъбастиаш дирӯз, чаҳоршанбе Шӯрои конститутсионӣ эълон карлд ислоҳоти омодашуда аз ҷони гурӯҳи корӣ тибқи сарқонун аст.

Аз ислоҳоти воридшуда ба сарқонун аз ҷумла моддаҳоест, ки дар бораи ҳақи раисҷумҳури аввал барои интихоб шудан беш аз ду маротиба ва таъкиди аз ҷониби Сарқонун ва қонунҳои конститутсионӣ муайян шудани  мақом ва ихтиёроти ӯ будааст. 

Ҳамчунин тағйирот шомили моддаи 91-и сарқонун аст, ки дар он дар бораи ғайри қобили тағйир будани мақоми раисҷумҳури аввали Нурсултон Назарбоев ҳамчун Асосгузори истиқлолият Қазоқистон сухан меравад. “Нақши таърихии раисҷумҳури аввал ба ҳама маълум аст ва ниёзе ба банди алоҳида дар сарқонунро надорад” — таъкид кардааст Башимов.

Дар ҳамин ҳол қувваи қонуни конститутсионӣ “Дар бораи раисҷумҳури Қазоқистон”, ки аз ҷумла мақоми сиёсӣ-ҳуқуқӣ, имтиёзот ва тазминҳои раисҷумҳури аввалро кафолат медиҳад, боқӣ мемонад. 

Ҳазви мақому салоҳиятҳои Назарбоев дар ҳолест, ки бештари тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни Тоҷикистон дар бораи «пешвои миллат» дар пайравӣ аз қазоқҳо дар замони ҳукмронии Нурсултон Назарбоев ворид карда шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *