Categories Хабарҳо

“Time” Зеленскийро “шахсияти сол” эълом кард

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, ки аз вай ба унвони мазҳари муқовамати кишвараш дар баробари таҳоҷуми низомии Русия ном бурда мешавад аз сӯи маҷаллаи  “Time” ба унвони “шахсияти соли 2022” интихоб шуд. 

Номи раисҷумҳури Укроин, ки аз дунёи ҳунар ва бозигарӣ ба арсаи сиёсат по гузошта ва идораи кишварашро дар даст гирифта, аз 24 феврал яъне замони оғози таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин беш аз ҳар замони дигаре бар сари забонҳо афтодааст. 

Вай дар тӯли соли ҷорӣ бо баргузории як корзори густурдаи иртиботӣ, иттилоърасонӣ ва огоҳибахшӣ бо ҳадафи иттилоърасонӣ дар бораи ҷанги Укроин ва дарёфти кумакҳои низомӣ аз сӯи муттаҳидони ғарбӣ, ҳамчунин бо ироаи гузориши рӯзона ба мардуми Укроин дар хусуси ҳамалоти нерӯҳои мутаҷовиз ва дастовардҳои муқовамат, ба шӯҳрат ва маҳбубият расид. 

Азм ва иродаи ӯ ба ҳамроҳи муқовамати мардуми Укроин дар тӯли ин муноқиша барои бисёре илҳомбахш будааст, зеро мардуми саросари ҷаҳон аз 24 феврал гузашта то кунун шоҳиди муқовамати шуҷоъонаи Укроин дар баробари таҷовузи артиши Русия будаанд. 

Зеленский дар марҳилаҳои мухталифи юриши низомии Русия, аз оғози таҳоҷуми ҳамаҷониба то ин авохир, ки ҳамалот бештар бо ҳадафи тахриби зерсохтҳои ҳаётӣ дар Укроин сурат гирифта, бидуни танаффус ҳаррӯза бо мардуми кишвараш дар тамос буда ва сухан гуфтааст. 

Маҷаллаи “Time” дар матлабе, ки ба интихоби Владимир Зеленский ба унвони шахсияти бартари соли 2022 ихтисос ёфта, зимни ёд кардан аз ӯ таҳти унвонҳое чун “раисҷумҳур ва рӯҳи Укроин” овардааст: “барои исботи ин ки шуҷоат метавонад ба андозаи тарс муассир бошад, барои илҳом бахшидан ба мардум ва миллатҳо ҷиҳати муттаҳид шудан дар дифоъ аз озодӣ, барои ёдоварии шиканандагии демокрасӣ ва сулҳ ба ҷаҳон” Зеленский ба ин унвон баргузида шудааст. 

Сардабири маҷаллаи “Time” дар ин матлаб меафзояд: “тасмими Владимир Зеленский барои фирор накардан ва мондан ба манзури муқовамат ва ҷалби ҳимоят дар ҳафтаҳои пас аз шурӯъи ҳамалоти Русия дар 24 феврал бисёр муҳим буд. Аз аввалин паёми видеоии 40 сонияи ӯ дар инстаграм як рӯз пас аз оғози ҳамла, ки нишон медод давлат ва ҷомеаи мадании Укроин побарҷо аст то суханрониҳои рӯзонаи онлаин барои ниҳодҳое ҳамчун парлумонҳо, Бонки ҷаҳонӣ ва маросими эътои ҷоизаҳо, ҳикоят аз ҳузури доимии раисҷумҳури Укроин дар ҳама ҷо дошт.” 

Владимир Зеленский дар замоне, ки Укроин ҳанӯз бахше аз иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ буд, дар “Кривой Рог воқеъ дар вилояти Днепропетровск, аз манотиқи ҷанубу шарқии русзабони ин кишвар ба дунё омад. Ў дар замони фурӯпошии Блоки Шарқ 12 сола буд. 

Пирӯзии интихоботии Зеленский дар соли 2019 ҷаҳонро шокӣ кард. Ин бозигари сериёлҳои телевизионӣ пас аз ироаи барномаҳои худ дар як платформи мубориза бо фасод муваффақ шуд дар дар даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурии Укроин бо касби 73 дарсад оро ба қудрат бирасад. 

Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин ва Лиз Чейнӣ, сиёсатмадори амрикоӣ аз дигар рақибони Зеленский барои дарёфти унвони шахсияти бартари соли 2022 аз сӯи маҷаллаи “Time” буданд. 

 Ин нашрияи амрикоӣ соли 2021 Илон Маск, корофарини миллиардер ва молики “Спайсикс” ва “Тесло”-ро, ки ба тозагӣ шабакаи иҷтимоии твиттерро низ харидорӣ карда, ба унвони шахсияти баргузидаи сол муаррифӣ карда буд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *