Кишварҳои туркӣ барои эҷоди алифбои ягона комиссияи махсус таъсис додаанд.
Тавре хабаргузори Anadolu иттилоъ медиҳад, ҷаласаи нахустини ин комиссия дар Қирғизистон баргузор мешавад, ки дар он аз ҳар кишвари узви Созмони кишварҳои туркӣ ду намоянда иштирок мекунанд. Ба ин созмон Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркия шомиланд.
Қарори таъсиси Комиссия оид ба таъсиси алифбои ягона дар «Семинари алифбои умумиҷаҳонии туркӣ», ки дар шаҳри Бурсаи Туркия баргузор шуд, ба Созмони давлатҳои туркӣ пешниҳод шуд.
Дар семинар олимони кишварҳои туркӣ дар бораи алифбо ва равандҳои таърихии забон, ки дар кишварашон ба амал омадаанд, маълумот дода, аҳамияти суръат бахшидан ба раванди гузариш ба алифбои ягона ва паҳншавии он дар байни давлатҳои туркро қайд намуданд.
Дар доираи семинар тасмим гирифта шуд, ки дар назди Созмони Иттиҳоди давлатҳои туркӣ «Комиссия оид ба таъсиси алифбои ягона» таъсис дода шавад.