Бо нашри як муроҷиатнома Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълон кард мусалмонон аз ширкат дар намози ҷамоъат худдорӣ кунанд.
“Ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимолияти сироятёбӣ ва паҳн гардидани бемории дар боло зикргардида аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ карда шавад”, – омадааст дар муроҷиатнома.
Бо қарори Шӯрои уламо намозҳои ҷамоъат дар масҷидҳои ҷомеъ, масҷидҳои панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо манъ шудааст.
Шӯрои уламо, гуфтааст сар аз фардо, 5 март танҳо ба хондани намози ҷаноза дар масҷидҳо иҷоза ҳаст.