Рубрики Хабарҳо

Фиқҳ-ус-сира: Аҳамияти омӯзиши таърихи Паёмбар (с)

Ҳадаф аз омӯзиши таърихи Паёмбар (с) ва огоҳӣ аз он танҳо бохабар шудан аз воқеаву ҳодисаҳои таърихӣ ва баёни қиссаву саргузаштҳои зебову дилнишин нест. Аз ин рӯ, набояд омӯзиши таърихи Паёмбар (с)-ро аз ҷумлаи омӯзишҳои таърихӣ, ки ҳадаф аз он ошноӣ пайдо кардан бо таърихи халифае аз халифагон ва ё иттилоъ ёфтан аз аҳде аз аҳдҳои гузаштаи таърихӣ мебошад, шуморид. Балки ҳадаф аз он ин аст, ки шахси мусулмон ҳақиқати исломиро, ки аз ин пеш дар зеҳнаш ҳамчу ғояву қоида ва аҳком ҷойгир шуда буд, ба таври комил дар рӯзгори Паёмбар (с) таҷассумёфта тасавввур намояд. Яъне, мурод аз омӯзиши таърихи Паёмбар (с) ба ҷуз амалияе нест, ки манзур аз он таҷассум бахшидани ҳақиқати комили исломӣ дар симои намунаи волотарини он Муҳаммад (с) аст. 

Агар хоҳем, ки ин ҳадафро таҷзия бахшида, ҷузъҳои онро тасниф намоем, метавон онро дар ҳадафҳои тафсилии зер мунҳасир кард:

  1. Огаҳии хуб пайдо кардан доир ба шахсияти Паёмбар (с) ба воситаи рӯзгор ва шароите, ки дар он зистанд, то яқин ҳосил гардад, ки Муҳаммад (с) танҳо як шахси нобиға, ки бо нубуғи хеш миёни қавмашон мақоми боло гирифтаанд, набуданд. Балки пеш аз ҳама паёмбаре буданд, ки Худо ӯро бо ваҳйу тавфиқи хеш таъйид намудааст. 
  2. Пеши назари шахс падид овардани сурате аз намунаи олитарини инсонӣ дар ҳама ҷанбаҳои накӯи зиндагӣ аст, то аз он баҳри худ дастуре созад ва, устуворона, тибқи он рӯз барад. Бешубҳа, ҳар қадар ки инсон дар кадоме аз ҷанбаҳои мухталифи зиндагӣ баҳри худ намунаи олӣ ҷӯяд, ҳатман онро дар рӯзгори Паёмбар (с) бо беҳтарин шакл ва возеҳтарин сурат хоҳад ёфт. Аз ин ҷост, ки Худованд зиндагии Он ҳазрат (с)-ро барои тамоми инсоният чун намуна қарор дод, ки мефармояд: 

“لَقَدْ كانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ” 

«Дар ҳақиқат, баҳри шумо дар (зиндагии) Расули Худо намунаи неке ниҳода шудааст» (Аҳзоб/33). 

3. Ба василаи омӯзиши таърихи Паёмбар (с) ба даст овардани он чӣ, ки ба шахс дар фаҳмиши Китоби Худо ва дарки маониву мақсадҳои он мусоидат мекунад. Зеро кам нестанд оятҳое, ки онро рӯйдодҳое аз рӯзгори Паёмбар (с) ва мавқеи Он ҳазрат нисбат ба он (ҳодиса) тафсир намуда, ба он равшанӣ мебахшанд. 

4. Ба василаи омӯзиши таърихи Паёмбар (с) ҳосил намудани миқдори ҳар чӣ бештари маълумоти дуруст оид ба Ислом, хоҳ марбут ба ақида бошад, ё аҳком ва ё ахлоқ. Зеро шубҳае нест, ки рӯзгори Он ҳазрат (с) манзараест, ки ба таври возеҳ ҳамаи асосҳои Ислом ва аҳкоми онро таҷассум месозад. 

5. Бо омӯзиши таърихи Паёмбар (с) падид омадани намунаи зинда доир ба тарбияву таълим барои муаллим ва шахси даъватгар ба Ислом, зеро Муҳаммад (с) дар зинаҳои мухталифи даъваташон муаллими хайрхоҳ ва тарбиятгари некрой буданд. 

Аз муҳимтарин омилҳое, ки таърихи Паёмбар (с)-ро ҷавобгӯ ба таҳқиқи ин ҳадафҳо месозад, ин аст, ки рӯзгори Он ҳазрат (с) фарогири ҳама ҷанбаҳои ҳаёти инсонӣ ва иҷтимоие аст, ки ба шахс тааллуқ дорад, аз он ҷиҳат, ки ӯ фарде мустақил аст, дар баробари он ки ӯ узви фаъол дар ҷомеа мебошад. Рӯзгори Он ҳазрат (с) баҳри мо намунаҳои волотаринро ба ҷавоне, ки истиқомати роҳ мехоҳад ва бо наздикону атрофиёни худ саъй мекунад, то амонатдор бошад, пешкаш мекунад. Ҳамзамон зиндагиномаи Он бузургвор намунаи беҳтаринро ба шахсе, ки ба сӯйи Худо бо ҳикмату услуби нек даъват мекунад ва мехоҳад вопасин тавони худро дар роҳи расонидани рисолати хеш сарф созад, ироа мекунад ва низ ба сарваре, ки мехоҳад бо маҳорату ҳикмати том корро идора намояд, ба шавҳаре, ки мехоҳад дар муоширати накӯ ва ҳамсардорӣ намуна бошад, ба падаре, ки мехоҳад бо меҳру шафқат вазифаҳои худро  нисбати фарзандон адо намояд ва падари намунавӣ бошад, ба қумандони низомии моҳир ва сиёсатмадори содиқу кордон ва мусулмоне, ки бо диққату инсоф талош мекунад, то дар баробари бандагӣ ба Худову ибодати Ӯ муомилаи хушу накӯ бо аҳлу ёронашро ба тамом адо карда бошад, тақдим менамояд. 

Аз ин лиҳоз, бидуни шак омӯзиши таърихи Паёмбар (с) изҳори ҳамин ҷанбаҳои инсонист, ки дар волотарин шакл ва баркамолтарин сурат таҷассум ёфтааст. 

Омӯзиши таърихи Паёмбар (с) чи гуна инкишоф ёфт ва онро чи хел бояд фаҳмид? 

Таърихи Паёмбар (с) ва илми таърихҳо

Шубҳае нест, ки таърихи Ҳазрати Муҳаммад (с) барои ҷараёни таърихи бузург, ки бо мояи ифтихори ҳамаи мусулмонон новобаста аз забону заминашон аст, меҳвари асосиро ташкил медиҳад. Бо илҳом аз ҳамин таърих мусулмонон дигар таърихашонро тадвин намудаанд. Зеро мусаллам аст, ки нависандагони мусулмон нахустин чизе, ки аз таърих ва рӯйдодҳои он нигоштаанд, ҳамин воқеоти рӯзгори Паёмбар (с) будааст. Баъд аз он нигориши ҳодисаҳое, ки аз пайи он то имрӯз ба вуқӯъ пайвастааст, амалӣ шудааст. Ҳатто таърихи ҷоҳилият, ки то замони Ислом дар нимҷазираи Араб доман густурда буд, танҳо бо ҳидояти Ислом, ки зуҳур намуда, чорчӯбаи маъноии онро муайян сохт ва марзи он бо рухдоди бузурги таърихӣ, ки дар таваллуд шудани беҳтарини банӣ башар Ҳазрати Муҳаммад (с) ва саргузашти рӯзгори эшон таҷассум ёфтааст, таъйин гардид, аз тарафи мусулмонон фаро гирифта шуда, зери тадвин кашида шуд. 

Аз ин лиҳоз, таърихи Паёмбар (с) ҳамон меҳвареро ташкил медиҳад, ки дар гирди он ҳаракати нигориши таърихи Ислом дар нимҷазираи Араб мечархад. Балки болотар аз ин, он омиле мебошад, ки нахуст дар рӯйдодҳои нимҷазираи арабӣ таъсир намуда, минбаъд асари худро дар воқеаҳои дигар манотиқи олами исломӣ гузоштааст. 

Воқеан, илми ривояти ҳодисаҳои таърихӣ назди арабҳо ва мусулмонон баҳри пайгирии рухдодҳо ва ҷудо намудани дуруст аз нодурусти он дорои услуби дақиқи илмие буд, ки монанди онро дигарон молик набуданд. Вале мусулмонон ба кашфи ин услуб даст намеёфтанд ва ба ниҳодану кор гирифтан аз он дар нигориши таърихӣ ба ҳеҷ ваҷҳ комёб намешуданд, агар таърихи набавӣ намебуд. Зеро пеши онҳо зарурати динӣ ба вуҷуд омад, ки ононро ба ҷамъоварии таърихи Паёмбар (с) бо услубе, ки орӣ аз гумону шубҳа буду ошуфтагиву дурӯғ ба он роҳ намеёфт, водор мекард. Гузашта аз ин, онҳо хуб дарк мекарданд, ки таърихи Ҳазрати Паёмбар (с) ва суннати эшон барои фаҳмиши Китоби Худо ду калиди нахустин ба шумор мераванд. Баъдан, ин ду баҳри чигунагии татбиқи он ва амал кардан бо он намунаи беҳтарин мебошанд. Ҳамин шуд, ки онҳоро яқинашон ба ин, ки Ҳазрати Муҳаммад (с) барҳақ паёмбари Худоанд, Қуръон китоби Худо аст, онҳо (яъне, мусулмонон) бори масъулияти ба мӯҷиби он амал карданро бар дӯш доранд ва Худо онҳоро бар ин масъулият ба таври дақиқ ҳисобу китоб хоҳад кард, водор намуд, то дар роҳи расидан ба услуби илмие, ки ҳақоиқи таърихи паёмбарӣ ва суннати поки набавиро нигаҳ медорад, сангинтарин ранҷро таҳаммул намоянд. 

Манзур аз услуби илмӣ инҷо ҳамон қоидаҳои “мусталаҳи ҳадис” ва илми “ҷурҳу таъдил” аст. Аз касе пӯшида нест, ки ин услуб нахуст ба хотири хидмат ба ҳадиси шариф, ки ба таври ногузир таърихи паёмбарӣ дар умум асоси он ҳисобида мешавад, падид омадааст. Баъд аз ин, он ҳамчун услуб ба умуми илми таърих ва ҳамчун меъёри ҷудокунии ҳақоиқи таърихӣ аз бофтаҳое, ки ба он часпонида шудааст, мавриди истифода қарор гирифт. 

Аз ин ҷо маълум мегардад, ки нигориши таърихи паёмбарӣ дарвозаи паҳнои муҳиме буд, ки аз он мусулмонон ба омӯзиши умуми таърих ва нигориши он ворид шуданд ва қоидаҳои илмие, ки аз он баҳри таҳқиқи ривоёт ва ахбор кор гирифтаанд, ҳамон қоидаҳое мебошанд, ки он аз андешаи мусулмонон падид омада буд, вақте ба нигаҳдошти сарчашмаҳои Ислом ва манбаъҳои аввалияи он аз олуда ва тирашавӣ эҳтиёҷи сахт эҳсос гардид. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *