Рубрики Хабарҳо

Хароҷоти буҷа барои соли 2023 беш аз 38 млрд муқаррар шуд

Парлумони Тоҷикистон имрӯз тарҳи қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023-ро барои тасвиб баррасӣ кард.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода вакилонро бо параметрҳои асосии буҷети давлатии соли оянда ошно намуда, таъкид кард, ки буҷети давлатии мавриди баррасӣ ба мисли буҷети қаблӣ бештар ба самти иҷтимоӣ нигаронида шудааст.

Ба гуфти Қаҳҳорзода, дар соли 2023 қисми даромади буҷети давлатӣ беш аз 37 миллиарду 100  миллион сомонӣ ва қисми хароҷот 38 миллиарду 100 миллион сомониро ташкил медиҳад. Қисмати даромади буҷети давлатӣ барои соли оянда нисбат ба банди даромади буҷети ҷорӣ 12,3 фоиз ё 4 миллиарду 100 миллион сомонӣ афзоиш меёбад».

Ба гуфтаи вай, банди хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2023 нисбат ба банди хароҷоти буҷети ҷорӣ беш аз 4,5 миллиард сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт. Касри буҷет дар сатҳи 0,8% Маҷмуъи маҳсулоти доҳилӣ  ё 1 миллиарду 30 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи вазир, дар соли 2023 барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ 18 миллиарду 600 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 49,6 дарсади хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, барои рушди соҳаи маориф 7 миллиарду 200 миллион сомонӣ, барои ҳифзи иҷтимоӣ 9 миллиарду 400 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки барои хидматрасонии қарзи хориҷӣ 3миллиарду 400 миллион сомонӣ ихтисос дода мешавад.

Лоиҳаи буҷети давлатиро пас аз баррасӣ вакилони Маҷлиси намояндагон пазируфтанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *