Дирӯз дар назди бинои Хадамоти кор бо муҳоҷирати Дортмунд (Ausländerbehörde Dortmund) 11-умин гирдиҳамоии фаъолони олмонӣ ва ҳамкорони собиқи Абдуллоҳи Шамсиддин баргузор шуд. Онҳо мегӯянд то озод шудану ба Олмон баргаштани Абдуллоҳ дастбардор нахоҳанд буд.
Ин гурӯҳи синафараи шаҳрвандони Олмон, ки шомили фаъолони ҳуқуқибашарӣ ва ҳамкорони собиқи Абдуллоҳ мешавад, беш аз ду моҳ аст, ки бидуни хастагӣ барои озодии ӯ ва расонидани вазъи нигаронкунандааш ба мақомот ва шаҳрвнадони Олмон талош мекунанд.
Дар посух ба ин суол, ки то куҷо ба таолошаш идома хоҳад дод, Шолтс мегӯяд “дар аввал мо талош мекунем болои вазоратҳои Олмон фишор биорем. Онҳоро маҷбур созем, то Вазорати корҳои хориҷа ба ин вазъ таваҷуҳ карда, роҳҳои озод кардани ӯро пайдо кунад.
Баъдан, мо талош мекунем ба олмониҳо расонем, ки Ҳукумати Тоҷикистон диктотурӣ ва золим аст. Мо то озодии Абдуллоҳ талошамонро идома медиҳем”.
Фаъолони тоҷики муқими Аврупо ва мухолифин низ чанд тазоҳурот бо талаби озодӣ ва баргардонидани Абдуллоҳ баргузор карданд.
Гуфтанист, Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 18 январ аз сӯи пулиси Олмон истирдод шуд ва то ҳол мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ иттилоъи расмие дар бораи ӯ надодаанд. Вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода ва Додситони кулл Юсуф Раҳмон дар нишасти солонаи матбуотиашон гуфтанд, ки ҳеҷ иттилоъе аз Абдуллоҳ надоранд.
Рӯзи 7 март ҳамсари Абдуллоҳи Шамсиддин гуфта буд, ки ӯ аз худ дарак додааст ва дар боздоштгоҳи КДАМ қарор дорад.
Рӯзи 29 март додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддинро ба ҳафт соли зиндон мақкум кард. Тибқи иттилоъи манбаъи “Паём” додгоҳ Абдуллоҳро бо қисми якуми моддаи маъруфи 307 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) гунаҳкор донист.
То имрӯз чанд созмони ҳуқуқибашарӣ, аз ҷумла Дидабони ҳуқуқи башар ва Кумитаи норвежии Хелсинки аз мақомоти Тоҷикистону Олмон талаб кардаанд Абдуллоҳро озод карда ба назди ҳамсару фарзандонаш ба Олмон баргардонанд.