Рубрики Хабарҳо

Коруно Шералӣ Абдулқайсовро ҳам бурд

Ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон, Шералӣ Абдулқайсов ҳам аз коруно даргузашт. Ӯ моҳи гузашта 70 — солагиашро ҷашн гирифта буд.

Тибқи иттилоъи расонаҳо, Шералӣ Абдулқайсов чанд муддат дар бемористони Қарияи Боло бо нишонаҳои вируси коруно бистарӣ буд ва рӯзҳои охир дар шӯъбаи эҳё қарор дошт.  

Замону макони маросими дафни ин ҳунарманди мардумӣ ҳанӯз маълум нест, аммо баръхе расонаҳо тахмин мезананд мисли дигар афроди саршинос дар Лучоб ба хок супурда хоҳад шуд

Шералӣ Абдулқайсов моҳи апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1973 бахши санъат ва актёрии Донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм карда, ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ба кор даромад ва то охири умр дар ин театр фаълолият мекард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *