Рубрики Хабарҳо

“Дар Қарияи боло давоми ним соат 3 нафар аз коруно даргузашт”

Дар ҳоле. ки мақомоти Тоҷикистон шумори гирифторон ба коруно ва маргумир аз онро бамаротиб камтар нишон медиҳанд, мардум бархе аз воқеъиятҳоро ифшо мекунанд. Тибқи иттилоъи бинандагони ПаёмТВ, ки дар пахши мустақими барномаи “Фардои Тоҷикистон” шоми гузашта ширкат карданд, вазъ хеле вахимтар аз он аст, тасаввур мешавад.

Як бинандаи ПаёмТВ гуфт субҳи дирӯз чаҳор аъзои хонаводаашро, ки вазъашон баъди гирифторӣ ба вируси коруно бад шудааст ва ӯ онҳоро ба беморхонаи маъруф ба “Қарияи боло” мебарад. Ин бинанда гуфт беморхона пур аз гирифторони вирус аст ва замоне, ки ӯ онҷо қарор дошт, се нафар беморон ҷон додаанд. Мутаассифона ба Паём муяссар нашуд ин хабарро аз манобеъи дигар тасдиқ кунад.

Аммо хабарҳои дигари манобеъи муътамад ин хабарро зимнан тасдиқ мекунад. Як манбаъи мӯътамади Паём гуфт, ки хоҳараш рӯзи ҷумъа дар ҳамин беморхона ҷон дода ва ӯ барои гирифтанаш меравад. Ин манбаъ гуфт дар беморхона ҳади ақал 6 мурдаро мушоҳида кардааст. Ба гуфтаи ӯ бархе хешовандон бинобар тарси гирифторӣ аз гирифтани наздикони ҷондодаашон худдорӣ мекунанд.

Дар пахши мустақими барномаи “Фардои Тоҷикистон” бинандагони зиёде ширкат карда дар бораи вазъи гирифтории мардум маълумот доданд. Як бинанда аз шаҳри Истаравшан гуфт, дар чанд рӯзи ахир ки танҳо аз як гузари ин шаҳр 10 нафар ҷон додаанд.

Бинандаи дигаре гуфт дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ вазъ бисёр вахим аст ва шумори ҷонбохтагони як деҳа аз шуморе, ки мақомот мегӯянд бештар аст. 

Мутаасифона тафтиши ин маълумот тақрибан ғайриимкон аст, аммо далоили дигар ин хабарҳоро зимнан тасдиқ мекунанд. Барои мисол рӯзона аз марги 5-6 нафар шахсиятҳои маъруфи кишвар хабар дода мешавад.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *