Рубрики Хабарҳо

Навҷувонов: фаъолияти пайравони “Ихвон-ул-муслимин” аз тарафи Саудӣ дастгирӣ меёфт

Сардори тозатаъини Раёсати ВКД Суғд, Абдулло Навҷувонов гуфтааст дар ин вилоят шумори зиёде барои “пайравӣ аз ҷараёни “Бародарони мусулмон”” боздошт шудаанд ва фаъолияти онҳоро Арабистони Саудӣ дастирӣ мекардааст. 

Бо гузориши сойти ҳафтаномаи СССР, Генерал Навҷувонов зимни нишасти хабарии худ гуфтааст “созмони ифротии “Ихвон-ул-муслимин” ё худ “Бардорони мусалмон” дар вилояти Суғд ҳанӯз аз соли 1999 фаъолияти худро оғоз кардааст”. 

Раёсати ВКД Суғд ҳарчанд дар бораи шумораи умумии боздоштшудагон аз Суғд бо ҷурми пайравӣ ба равияи “Бародарони мусулмон” бо далели “сирри тафтишот” буданаш дақиқан иттилоъ надод, вале гуфт, “Теъдодашон хеле зиёд аст!”.

Навҷувонов иддао кард, ки фаъолияти пайравони “Ихвон-ул-муслимин” “аз ҷониби давлати Арабистони Саудӣ  дастгирӣ меёфт”. 

Ин даъвои генерали тоҷик дар ҳолест, ки Арабистонӣ Саудӣ аз душманони аслии “Ихвон-ул-муслимин” ба шумор рафта, солона садҳо миллион доллар барои мубориза бо он ҷудо мекунад.

Қаблан изҳороти дигари генерал Навҷувонов баҳсбарангез шуда буд. Ӯ гуфта буд Ботканд аслан тоҷикнишин буда, “гузаштагони мо қирғизҳоро ба онҷо оварда ҷо доданд, ки имрӯз мушкилзо шудааст”. Ин изҳороти генерал аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ истиқболи густарда ёфт, аммо боиси ба ВКХ Қирғизистон эҳзор шудани сафири Тоҷикистон гашт. 

Бархе аз корбарон аз Навҷувонов ситоиш карда, ӯро ҳатто “генерали мардумӣ” номиданд. Аммо ба назар мерасад изҳороти сардори тозатаъини Раёсати ВКД Суғд бештар ба дарк ва саводи дипломатии ӯ рабт мегирад.   

Қаблан Додситони кулл гуфта буд аз аввали  соли 2020 бо гумони узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин”,  ки фаъолияташ аз соли 2006 дар Тоҷикистон манъ шудааст, 113 нафар шаҳрвандони кишвар боздошт шудаанд. 

Юсуф Раҳмон гуфта буд, ки миёни боздоштшудагон аз Суғд 1 мансабдор – корманди дастгоҳи раиси шаҳри Исфара низ ҳаст. Ба иттилои мақомоти додситонӣ  дар ин авохир наздики 20 нафар омӯзгорони мактабҳои олии Тоҷикистон низ бо ин ҷурм боздошт шудаанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *