Шумори боздоштшудаҳои амалиёти ахири мақомоти қудратӣ танҳо аз ноҳияи Файзобод шомили 4 устоди донишгоҳҳои кишвар аст.
Ба Паём муяссар шуд асмо қисмате аз боздоштшудаҳои ду моҳи охирро пайдо кунад.
Қаблан мо маълумоте дастрас карда будем, ки даҳҳо нафарро аз ноҳияи Файзобод дастгир кардаанд. Инак номҳои қисмате аз онҳо маълум гардид.
1. Қаландаров Амриддин, омӯзгори забони арабӣ дар Донишгоҳи славянӣ. Як моҳ қабл дастгир шуда ва то ҳанӯз барояш айб эълон накардаанд. Пайвандонаш ҳам намедонанд Амриддин бо кадом ҷурм дасгир шудааст. Истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод, ҷамоати Дӯстмурод Алиев, деҳаи Ҷонварсӯз;
2. Меъроҷиддини Абдувоҳид омӯзгори яке аз донишгоҳҳо дар пойтахт (мутаассифона маълум карда натавонистем кадом дошнишгоҳ аст). Истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод, ҷамоати Дӯстмурод Алиев, деҳаи Ҷонварсӯз
3. Бародараш Тоҷиддини Абдувоҳид, ки гуфта мешавад дар донишгоҳе муаллим будааст;
4. Абдулҳақи Хайриддин. Омӯзгори Донишкадаи исломии ба номи Абу Ҳанифа. Истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод, ҷамоати Дӯстмурод Алиев, деҳаи Боғи Мирӣ
5. Убайдйллоҳ, фарзанди Махсуми Нуриддинҷон
6. Абдуқодир, фарзанди дигари Махсуми Нуриддинҷон, истиқоматкунандагони ноҳияи Файзобод, ҷамоати Дӯстмурод Алиев, деҳаи Сурхдара.