Аз аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳаҷми содироти қувваи барқро ба кишварҳои ҳамсоя тақрибан 40% кам кардаст.
Даромад аз фурӯши нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар панҷ моҳи соли ҷорӣ қариб 15 миллиону 800 ҳазор долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба моҳҳои январ то майи соли гузашта 39,9 дар сад камтар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи беш аз 26 миллиону 300 ҳазор доллар нерӯи барқ ба хориҷа фурӯхта шуда буд»..
Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба расонаҳо иттилоъ додааст.
Аммо дар гузориши Вазорати энергетика дар бораи ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба ду кишвари мизоҷи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон, кишварҳои Афғонистон Ӯзбекистон маълумот дода нашудааст.
Ёдовар мешавем соли гузашта Тоҷикистон аз интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 91 миллиону 300 ҳазор доллар ба даст овард. Дар ин давра содироти неруи барқ аз ҳама беш ба Афғонистон сурат гирифта, Тоҷикистон бар ивази 1 миллиарду 46 миллион килоВатт / соат 60 миллиону 600 ҳазор доллар ба даст овардааст.
Ин нишондиҳанда барои Ӯзбекистон 1 миллиарду 420 миллион килоВат / соатро ташкил додааст. Ҳаҷми умумии содироти қувваи барқ ба Ӯзбекистон 28 миллиону 500 ҳазор долларро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон нақша дорад истеҳсоли барқро афзоиш диҳад ва дар назар аст онро ба ба 21 миллиард килоВат / соат расонад. Сабаби ғайринақшавӣ кам шудани содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар иттилоия гуфта нашудааст.