Рубрики Хабарҳо

Ҳиҷоб дар Узбекистон қонунӣ шуд 

Шавкат Мирзиёев ба пушидани русарӣ ва сатру ҳиҷоб иҷозати қонунӣ дод. Бо имзои Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, якчанд тағйироте ба  “Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ ворид шуданд, ки тибқи тағйироти воридшуда, маҳдудиятҳо дар бораи манъи шаҳрвандон бо либосҳои шаръӣ (ҳиҷоб)  дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бекор карда шуданд. 

Ҳамчунин, шумораи ташаббускорони барои таъсиси ташкилоти динӣ то 50 нафар кам карда шуд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонуни куҳнаи оид ба дини Узбекистон, моддаи 8, шумори муассисон барои таъсиси ташкилоти динӣ на камтар аз 100 нафар бояд буд.

Тибқи талаботи нав мӯҳлати баррасии ариза дар бораи бақайдгирии ташкилоти динӣ 1 моҳ муаян шуд. Ҳол он ки то ба имзо расидани тағйироти нав, тибқи моддаи 11 қонуни кӯҳна, ин мӯҳлат 3 моҳ буд.

Талабот дар бораи шаҳрванди Узбакистон будани роҳбари як созмони динӣ низ бардошта шуд. Тартиби гирифтани розигии вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва шаҳрвандон барои сабти номи  ташкилоти динӣ комилан бекор карда шуд.

Ҳоло моддаи 184-1-и Кодекси ҳукуквайронкунии маъмурӣ, ки либоспушии шаҳрвандонро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо либоси ибодат сайр мекунанд, манъ мекард, тибқи тағйироти воридшуда ба қонуни ҷумҳурии Узбекистон оид ба дин ва ташкилотҳои динӣ аҳамияти худро гум кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *