Рубрики Хабарҳо

Доруи зиддивирусии русӣ нимаи июн ба фурӯш мебарояд

Доруи «Авифавир»  барои табобати коронавирус, ки дар Русия истеҳсол шудааст, ба беморхонаҳо баъди даҳ рӯз дастрас мегардад.

Дар ин бора нашрияи русии «Известия» иттилоъ медиҳад.

Охири ҳафтаи гузашта Вазорати тандурустии Федератсияи Русия доруи «Авифавир»-ро тасдиқ кард, ки маҳсули ҳамкории Фонди инвеститсияҳои мустақими Русия ва Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии рангорангии кимиёии «ХимРар» мебошад. 

Дору тибқи созишнома ба муассисаҳои табобатӣ фурӯхта мешавад, лекин ба савдои озод намебароранд.

Зимнан, таркиби «Авифавир» — моддаи беназири «Фавипиравир» дар Ҷопон ихтироъ шудааст. Аммо муҳаққиқон самаранокияшро дар мубориза бо COVID — 19 собит карда натавонистанд, ки боиси аз истифода боздоштанаш шуд.

Дар ҳамин ҳол  хабаргузории давлатии  Тоҷикистон “Ховар” иттилоъ дод, ки дорусози маъруфи тоҷик Сайидвалӣ Ҳикматов ба истеҳсоли   нӯшдорӯ, равған ва маҳлули антисептикӣ  оғоз карда,  ба онҳо «Антиковид-19» ном мондааст.

 Сайидвалӣ Ҳикматов гуфтааст,  ки истифода аз ин нӯшдорӯ — балзам,   равған ва маҳлули пошанда ҳолати беморони гирифтори COVID-19-ро сабук месозад,  пеши роҳи сирояти одамонро аз ин вирус мегирад.

Тавре гуфта мешавад, духтурон ва дигар ашхосе, ки бо беморон  сарукор доранд, агар бо  маҳлули антисептикӣ (спрей)  даҳонашонро коркард намоянд, хатари сироятёбӣ қариб пурра аз байн меравад.

Бино ба иттилои манбаъ, ки бемороне, ки дар шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент, Турсунзода ва ноҳияи Мастчоҳ аз нӯшдору ва  маҳлули «Антиковид-19» истифода бурдаанд, дар ҳолати худ беҳбудӣ эҳсос намуданд. Тибқи иттилои манбаъ, ин нӯшдору ва  маҳлул дар асоси сиёҳдона тайёр шуда, қобилияти баланди зиддивирусӣ дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *