Ҳамчун як ҷавони ҳамзамонатон ба Шумо муроҷиат менамоям
Эй ҷавононе, ки имрӯз бояд баъд аз хатми мактаб дар паси курсии донишҷӯӣ менишастед! Эй ҷавононе, ки пас аз хатми донишгоҳҳо бе додани ришваву порае сари мизи вазифаву касби муносиби корӣ менишастед!
Эй ҷавононе, ки арӯси семоҳаи худро дар хона гузошта, барои қарзҳои тӯйро адо намудан, кӯлбори сафарӣ ба китф роҳи кишвари бегонаро пеш гирифтаед! Эй ҷавононе, ки ба ҷои болиштҳову ҷойгаҳи нарми хонаи падарӣ “картону паралон”-ро болишту кӯрпа ва “вагонҳо”-ро ҷойгаҳи хоби худ кардаед!
Эй ҷавононе, ки фарзандони худро ба як оғӯши гармӣ падарӣ зор кардаед, ки дуо кунад, то шумо “депорт” шаведу аз дидори шумо як лаҳза ҳам бошад, сер шавад! Эй ҷавононе, ки ҳамсарони худро барои моҳҳову солҳо тарк кардаеду дар ғарибӣ ба сахтӣ рӯз мебаред ва дар орзӯи хӯроки гарми хонаводагӣ ду тухмро бирён карда мехӯред! Эй ҷавононе, ки ба назди оилаи худ танҳо барои фарзанди навбатиро ба дунё овардан, аз сафар меоед!
Эй ҷавононе, ки вақти аз сафар баргаштан ҷомадонҳои сафариро бо тамоми қувва бардошта мебаред, ки зӯри ду-се нафар ба бардоштани он намерасад! Эй ҷавононе, ки барои “эконом” бо ҳавопаймоҳои гарони ширкатҳои ҳавопаймоии “аждаҳорон”-и Тоҷикистон сафар намекунеду бо роҳи заминӣ пойҳоятон варам мекунад!
Эй ҷавононе, ки барои оилаи худро саробонӣ намудан ва қути лоямуте ёфтан ба иҷрои пасттарин кор розӣ мешавед! Эй ҷавононе, ки дар сармои қаҳратун ба ҷони худ раҳм накарда, кору фаъолият мебаред! Эй ҷавононе, ки маошатон дар ин моҳ сӯзан харед ба ресмон намерасад ва дар моҳи дигар ресмон харидорӣ намоед, ба сӯзан!
Эй ҷавонҳое, ки дар бозори мардикорбозори Хуҷанду Душанбе ва Хатлон мешинеду чашминтизори корфармое ҳастед!
Эй ҷавонҳое, ки танҳо ба дил Худоро мепарастидеду, мегуфтед Худо як аст ва ҳукумати Э.Ш.Р-ро ҳамчун ҳукумати “диктаторӣ” шинохтаеду дар зиндонҳо қарор доштед ва ё аз кишвар берун шудаед!
Эй ҷавононе, ки 4-5 соли ҷавонии худро бо фиреб дар паси мизи донишҷӯӣ мегузаронед! Эй ҷавонҳое, ки пеш аз мӯҳлат пир шудаед!
Эй пироне, ки ҳоло ҳам ҷавон ҳастед ва дар ғами Ватану ҳамватанед.
Дар охир эй ҷавонҳое, ки лагандбардориву чоплусӣ мекунед ва аз Худо наметарсед ва шояд барои то хона рафтан “маршрутпулӣ” надошта бошед! (Аслан шумо охириниҳо бояд хитоб намешудед, зеро дурӯяҳо, ҳамеша ду билет доранд, дар ду ҷайбашон. Ҳамеша ба фурӯхтан тайёранд, лекин барои он, ки шояд баргардед ва худро шиносед, шуморо ҳам ҳамроҳ намудам). Ва эйҳо эйҳои дигар…
Ҳама ин ранҷу дард то ба кай? Ҳар чиз вақт дорад, фурсат дорад. Медонед азизон, “Худованд ҳоли як қавмро дигар намесозад, то даме, ки онҳо худашонро тағйир надиҳанд”. (Сураи Раъд, ояти 11). Мехоҳам мо худро тағйир диҳем. Мехоҳам аз зери завлонаи ғуломии асри 21 бароем. Медонед, мо барои чӣ ба ин рӯзҳо гирифтор шудем? Барои ин ки мо бетараф ҳастем. Бо баҳонаи “экстремизм” — у “терроризм” беҳтарин ҷавонҳои моро сар аз соли 2001 то ба имрӯз нобуд карданд, дар зиндонҳо партофтанд, вале мо хомӯширо интихоб намудем. Мо худро дар дохили як тухм ҷо намудему гуфтем, ба ҳар куҷо хоҳӣ рас, даст дароз кардан гир, вале тухми маро нашикан. Мо сари 30 сол аст чун кӯдакони дар хурдсолӣ “чашмбандакон” бозимекарда, чашмонамон баста аст ва ҳеҷ ҷоро дида наметавонем. Ё аксарамон ба чашмонамон айнакҳои сиёҳ ва ё сабз гузоштаем, ки воқеиятро дидан намехоҳем? Ё магар мо сеҳр шудаему ба Мусое ниёз дорем?
Ин ҳукуматдорон то ба дегу косаи хонаводагии мо кордор шуданд. Фарзандонамону бародаронамонро аз рафтан ба масҷиду таълим гирифтани заруриёти динӣ манъ намуданд. Ҳатто ба ҳарими шахсии хонаводагии мо чанг зада гуфтанд, ки занону духтаронамон бояд мисли занони онҳо сарлучу доманкӯтоҳ бошанд. Дар бораи ҳуқуқи поймолшудаи мову шумо ва порахӯриву ришваситонӣ ва ҳисобномаҳои бонкии миллиониву миллиардии онҳо намегӯям. Дар пеши ҳамаи ин мо хомӯш будем, санги вазнин шудем, зеро ба қавли гузаштагонамон “санги вазнинро об намебарад”. Лекин то кай?
Ҳар чашмӯшӣ вақт дорад, ҳар хомӯшӣ садое. Як ба давлатҳои дигар назар намоед, ақалан ба Қирғизистони ҳамсоя. Дар чанд соли охир президенташонро чандин бор иваз карданд. Биёед як бор мақолаи “Ҳамсоя зи ҳамсоя гирад панд”-ро низ амалӣ намоем. Агар имрӯз мо сабаби тағйир нагардем, гуноҳи чанд пушти мову шумо ба дӯшамон мемонад. Агар мо боз хомӯш истем, завлонаи ғуломӣ аз гардани мову фарзандонамон канда намешавад. Пас мо “ғуломон”-и асри 21 аз “Ғуломон”- и асри 19 ва 20-и Садриддин Айнӣ бо чӣ фарқ мекунем?
Биёед худро дигар созем, ҷомаи тарси чандинсоларо кашида партоем. Ба тарсончакӣ инқилоб эълон намоем. Аз ҳамаи Шумо хоҳиш мекунам, ки аввал ба як инқилоби дохилӣ рӯй оварем. Баъд аз он ба инқилоби беруна. Инқилобе, ки пояи зулму истибдодро аз сари мо бардорад. Ба онҳое, ки моро ба ҷангҳои 91-92 метарсонанд, нишон диҳем, ки мо ҷавонҳои асри 21 ҳастем. Дар дасти ҳар яки мо телефони интернетдор ҳаст. Мо метавонем, ҳар як лаҳзаи инқилоби пешмеомадаро сабт намоем. Ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем, ки мо бе баровардани овози тире ва поймол шудани ҳуқуқи касе, бе дахолати русҳову узбекҳо ва англисҳову амрикоиҳо инқилоб карда метавонем. Номзади арзандаи худро ба курсии президентӣ шинондан аз дастамон меояд. Мо худ насли онҳое ҳастем, ки ба тамоми дунё “одам” буданро омӯзонидаанд. Гунаҳкорон ва касонеро, ки аввалин шуда ба “Ватан”- у “ҳамватан” хиёнат мекунанд, ба маҳкамаи миллӣ бикашем. “Давлат” нагуфтам зеро, имрӯз баъзеҳо маҳфуми давлатро ба ЭШР ва тоифаи дуздону қаллобону хонаводаи носерами вай маҳдуд кардаанд, ки говони “ферма” аз он дифоъ менамоянд. (Барои чӣ говон гуфтам? Барои он ки вақте бо як ҷавоне ба баҳс мемепардозанд, ӯро муттаҳам ба шӯълаандозии ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 мекунанд, ҳол он ки он ҷавони ҳарифашон дар соли 2000 таваллуд шудааст).
Ман аз Шумо азизон танҳо як хоҳиш дорам. Биёед “як рӯз” аз худ гузар кунем, кору борамонро ба як сӯ гузорем, онҳое, ки дар хориҷанд, аз ҳозир нақшаи сафар ба Ватанро кашем. Дар назди худ вазифа гузорем, ки “як рӯз” барои худ ва ояндагон зиндагӣ кунем. Ба рағми “давлат” ба рағми КМИР ба рағми ину он, интихоботи президентии навбатии соли 2020-ро назорат кунем. Ин тақдири мову шумо ва наслҳои минбаъда аст. Мо бояд на ба ВКД ва на ба КДАМ бовар кунем. Онҳо танҳо хидматгори “давлат”-анд.
Амалӣ шудани ин хоҳишро дар чанд нуқта ба шумо баён менамоям:
1) Дар шабакаи интернет “Сойти интихобот”-ро омода намоем, то баъд аз ҷамъбасти интихобот, дарҳол натиҷаҳоро бо тасвири протокол (қарор) ба он ворид созем, на баъд аз марказ рафта тақаллуб шудан;
2) Рӯйхати тамоми интихобкунандагонро тартиб диҳем, то донишҷӯёни гурӯҳи “Авангард” ё “донишҷӯёни зархарид” ба ҷои ҳоҳару бародарони мо овоз надиҳанд;
3) Аз ҳар маҳаллаву деҳа, ноҳияву шаҳр, вилояту ҷумҳурӣ гурӯҳҳои “ихтиёриёни ҷамъиятӣ”- ро ҷамъ намоем;
4) Дар ҳар участкаи интихоботӣ 100 ҷавони холисро назоратчӣ гузорем, нагузорем, ки интихоботи моро тақаллуб кунанд. (Ба назари банда ин банд аз ҳама муҳим аст).
3) Ба ҳар шаҳрванд фаҳмонем, ки худаш, ба номзади мехостааш овоз диҳад ва ба “луқмадеҳон” фурсат надиҳем;
5) Дар ҳоли риоя накардани қонун ҳангоми интихобот, ҳама аз як гиребон сар барорему ҳамдигарро дастгирӣ намоем ва якдигарро нафурӯшем, зеро дар зиндонҳои Тоҷикистон барои ҳамаи мо ҷо намешавад. (Мисолаш дастгирии қарибулвуқуи бадахшониён аз ҳамдеҳагони худ);
6) Милисаву амниятиҳоро маҷбур намоем, ки танҳо “як рӯз” барои Ватан ва ҳамватани худ хизмат намоянд, на бар зидди он ва ҳаминро бояд донанд, ки онҳо аз рӯи қонун “беҳизб” ҳастанд;
Эй ҷавонҳо, биёед аз дохили тухм берун оем, аз хоби ғафлат бархезем, чашмонамонро кушоем, айнакҳоро ба як сӯ гузорем ва дунёро бо чашмони худ бинем, на бо чашмони телевизиони Тоҷикистон ва “лагандбардорон”-у “косалесон”.
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт. (Иқболи Лоҳурӣ)
Ҷавонон ба пеш! Мо метавонем! Бо умеди озодӣ! Бо умеди рӯзҳои хуш! Бо умеди пирӯзии некӣ ба бадӣ!
Бо эҳтиром, бародари шумо, Абдуллоҳи Мурод