Рубрики Хабарҳо

Амина Эрдуғон дар даҳгонаи мусалмонони таъсиргузори дунё

Бинобар хулосаи Институти байналмилалии сулҳ ва рушд Амина Эрдуғон-ҳамсари раисҷумҳури феълии Туркия яке аз даҳ мусалмонони бонуфузи дунё дониста шуд. 

Дар ин бора хабаргузории туркии Anadolu хабар додааст.

Ҷоиза ба даҳ мусалмоне дода мешавад, ки дар соҳаҳои мухталифи ҷаҳон хидмат кардаанд.

Амина Эрдуғон бо ҳамроҳии Илҳон Омар намояндаи конгреси мусалмонони Иёлоти Муттаҳида ва  раиси шӯрои занони Баҳрайн се нафар бонувоне буданд, ки дар сарлавҳаи хабари мазкур номбар шудаанд. 

Президенти INSPAD Муҳаммад Тоҳир Табассум гуфт, ки бонуи аввали Туркия бо саҳми азими худ дар рушди соҳаи иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи доваронро  ба худ ҷалб кардааст. Ӯ  барои таҳкими ҳуқуқҳо, имкониятҳои занон, ҳифзи муҳити зист, фарҳанг, рушди санъат ва саводнокии иҷтимоӣ, бахусус занон, корҳои зиёдеро анҷом додааст. 

Институти байналмилалии сулҳ ва рушд ҳам дар Покистон ва ҳам дар Белгия амал мекунад. Марказ як созмони байналмилалиест, ки дорои 5000 сафири сулҳ ва беш аз 12000 аъзо дар саросари ҷаҳон мебошад.

15-20 сол пеш дар Туркия заноне, ки дар донишгоҳҳо таҳсил мекарданд ва дар бахши иҷтимоӣ кор мекарданд, хеле кам буданд. Дар идораҳои давлатӣ ба занон иҷозат намедоданд, ки рӯсарӣ банданд.

Пас аз ба қудрат расидани президент Эрдуғон, «зиндагии занони турк хеле беҳтар шудааст, аммо бархе аз гурӯҳҳои ҳуқуқи инсон хулосаи баръакс доранд. Гӯё мавридҳои  хушунати хонаводагӣ алайҳи занон шадидан афзоиш ёфтааст”.

Раисҷумҳури Туркия тарафдори ба танзим даровардани оила нест ва ба гуфтаи ӯ занон бояд барои афзоиши насли ин миллат ҳар қадар метавонанд саҳмгузор бошанд. 

То ҳол, ягон маротиб ҳамсари ягон раисҷумҳури кишварҳои Осиёи Марказӣ ба чунин ҷоиза пешбарӣ нашудааст.  Худи президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамасола дар рейтингҳои бонуфузи байналмилалӣ ба даҳгонаи пурқудрати мусулмонони ҷаҳон шомил мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *