Рубрики Хабарҳо

Имзои тавофуқномаи Исроилу кишварҳои арабӣ ва вокуниши фаластиниҳо ба он

«Тавофуқи таърихӣ» миёни Исроил бо Амороти муттаҳида арабӣ ва Баҳрайн расмӣ шуд. Дар маросим имзои тавофуқнома дар Кохи Сафед раисҷумҳури Амрико, нахуствазири Исроил ва вазирони хориҷаи аморот ва Баҳрайн суханронӣ ва бар зарурати сулҳ таъкид карданд. 

Дар маросими имзои тавофуқнома миёни Исроил, Аморот ва Баҳрайн дар рӯзи сешанбе, 15 сентябр ҳудуди 700 меҳмон аз кишварҳои гуногун ширкат доштанд. 

Нахустин суханрон Дунолд Тромп, раисҷумҳури Иёлот муттаҳида буд. Ў тавофуқ байни се кишварро «торихӣ» хонд ва изҳор дошт, мардуми Ховари Миёна дигар иҷоза нахоҳанд дод, ки нафрат аз Исроил баҳонае шавад барои эҷоди хушунат. 

Ӯ дар идома гуфт, бо раҳбарони кишвари арабӣ дар Арабистон сӯҳбат карда ва ба онҳо гуфтааст, дар баробар «душманони тамаддун муттаҳид шавед» ва ин тавофуқ ҳосили ҳамфикрӣ бо онҳо будааст. 

Тромп ҳамчунин изҳор дошт, ҷой хурсандӣ аст, ки кишварҳои арабӣ барои ояндаи худашон тасмими дурусте гирифтаанд ва дӯстиро ба душманӣ тарҷеҳ додаанд. 

Бинёмин Нитонёҳу, нахуствазири Исроил суханронии худро бо адои эҳтиром ба «дӯсти азиз» худ Дунолд Тромп оғоз кард ва гуфт, исроилиҳо солҳои дароз талош кардаанд то чунин рӯзеро бубинанд. 

Ӯ изҳор дошт, орзуи сулҳ дар миёни яҳудиён решаи ҳазоронсола дорад ва “ба ҳамин далел қадрдони президент Тромп ҳастем, ки қотеъона дар канори Исроил ва дар муқобили мустабидони режими Эрон истодааст.” 

Нитонёҳу дар идома гуфт, “ман қадрдони подшоҳи Баҳрайн ҳам ҳастам, ки барои пайвастани тамоми фарзандони ҳазрати Иброҳим ба якдигар” иқдом кардааст. 

Ӯ бо баёни «салом алайкум» ва «шолум» барои тамоми дунё орзуи сулҳ кард. 

Абдуллоҳ ибни Зоид оли Наҳиён, вазири хориҷаи Аморот дар суханони гуфт тағйироте асосӣ дар ҷаҳон эҷод шудааст, ки ба ақидаи ӯ, бидуни талошҳои Тромп ва тими ӯ имконпазир намебуд. 

Ӯ зимни баёни ин, ки «ҳеч гузинае ба ҷуз сулҳ наметавонем дошта бошем» таъкид кард, ин тавофуқҳо барги тозае аз таҳаввул дар Ховари Миёнаро рақам хоҳанд зад. 

Абдуллоҳ ибни Зоид оли Наҳиён ҳамчунин гуфт: “ин тавофуқ ба мо ин қобилиятро хоҳад дод, ки дар канори мардум Фаластин биистем ва барои эҷоди кишваре мустақил барои онҳо ва расидан ба сулҳи пойдор талош кунем”. 

Абдулатиф ибни Рошид Ал-Заёнӣ, вазири умури хориҷаи Баҳрайн низ зимни таъкид бар ин, ки имрӯз «рузи таърихӣ» барои Ховари Миёна, ба вижа барои ҷавонони ин минтақа аст, гуфт: “ин тавофуқ барои миллионҳо тан аз насли ҷавони минтақа як гоми бузурги таърихӣ дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва ҳақиқӣ ва амният аст, бидуни дар назар гирифтани миллит ва дини онҳо”. 

Вазири хориҷаи Баҳрайн тасреҳ кард, «душманӣ нерӯи моро ба ҳадар медод», аммо имрӯз давлати Баҳрайн нишон додааст, ки хоҳони сулҳ ва ҳамзистии мусоламатомез бо ҳамагон аст ва қасд дорад ояндаи равшане барои насли ҷавон эҷод кунад.

Дар ҳамин ҳол  Ҳозим Қосим, сухангӯи ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин — Ҳамос дар вокуниш ба имзои тавофуқномаи оддисозии равобити Аморот муттаҳидаи арабӣ ва Баҳрайн бо Исроил дар ҳисоби фейсбукии худ навишт: мардуми Фаластин муборизаи худро идома хоҳанд дод ва ин тавофуқнома барои мардум мо ҳеҷ арзише надорад. 

 Вай афзуд: ин иқдоми Аморот ва Баҳрайн ҳатто арзиши варақе, ки ин тавофуқ бо он навишта шударо надошта ва миллати мо бар мубориза то истирдоди комил ҳақ ва ҳуқуқаш исрор дорад ва бо ин тавофуқот бархӯрд хоҳад кард. 

Фаластиниён низ алайҳи ин иқдоми Аморот ва Баҳрайн дар Карона бохтарии ишғолӣ ва Ғазза тазоҳурот баргузор карданд. 

Давлати Фаластин дар вокуниш ба имзои тавофуқнома бо интишори баёниае эълом кард: ончи имрӯз дар Кохи Сафед рух дод, ҳаргиз мунҷар ба сулҳ дар минтақа нахоҳад шуд. 

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст: 

“То замоне, ки Иёлот муттаҳида ва мақомоти Исроили ишғолгар ҳуқуқи мардуми Фаластинро барои таъсиси кишвари мустақил дар марзҳои 4 июни 1967 бо пойтахти Қудс ва масъала ҳалуфасли паноҳандагони фаластиниро бар асоси қатънома 194 ба расмият нишиносанд, сулҳ дар минтақа барқарор нахоҳад шуд. 

Бидуни поён додан ба ишғолгарӣ ва ба даст овардани ҳуқуқи комили мардуми Фаластин бар асоси қатъномаҳои байналмиллалӣ, ҳеҷ касе дар минтақа сулҳ, амният ва сабот нахоҳад дошт. 

Ҳамчунин талошҳо барои нодида гирифтани ҳуқуқи мардуми Фаластин паёмадҳои хатарнок хоҳад дошт, ки давлати Амрико ва мақомоти Исроили ишғолгар масъули он хоҳанд буд”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *