Дирӯз, 6 сентябр, дар шабакаи YouTube наворе нашр гардидааст, ки дар он нафаре худро Акбар Аҳмадов (Ахмедов), ки ӯро Додситонии кулли Тоҷикистон, гумонбари рабудану куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” медонад, муаррифӣ карда, таъкид мекунад, ки зинда аст ва дар боздоштгоҳ қарор дорад.
Шахси дар наворбуда мегӯяд, пас аз содир кардани ҷиноят ба Маскав фирор карда, баъдан ба хулосае омадааст, ки бо хоҳиши худ баргашта, ба мақомот таслим шавад ва аз рӯзи аввал бо вакили дифоъ таъмин мебошад.
“Ҳоло дар СИЗО қарор дорам, сиҳату саломат ҳастам. Шикоят надорам. Чанд бор мешавад, ки бо падару модар ва оилаи худ вомехӯрам”, — мегӯяд ин нафар.
Дар навори дигар, ки он ҳам дирӯз дар шабакаи YouTube нашр шуд, зане худро модари Акбар Аҳмадов муаррифӣ карда, аз нашри хабари марги писараш шикоят мекунад.
Ин зан мегӯяд, нашри хабари марги писараш ӯ ва хешовандонашро нигарон кардааст.
Санҷиши навор ва таҳқиқи санаву макони сабти он тавассути манобеи дигар айни замон имконпазир нест.
Қаблан, 3-юми сентябр, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишта буд, ки Акбар Аҳмадов пас аз боздошти модараш аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба ватан баргашта, худро ба мақомот таслим кард ва пас аз чанд рӯз “ӯро вақти пурсиш сахт шиканҷа кардаанд, то ба суолҳо посух диҳад, аммо ӯ ба ин ҳама “тоб наоварда, фавтид”.
Дирӯз, 5-уми сентябр, Додситонии кулли Тоҷикистон хабари марги Акбар Аҳмадовро расман рад карда, гуфт, ки ӯ “дар тавқифгоҳи тафтишотӣ қарор дорад”.