Рубрики Хабарҳо

Кабирӣ: дар ҷанги Русияву Укроин тоҷикон бояд тарафи адолат бошанд

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар гуфтугӯяш бо мардум, ки ба ҷанги Русияву Укроин бахшида шуда буд, гуфт тоҷикон, чи дар Русия ҳастанд ва чи дар Укроин ё ҳар кишвари дигар, мавқеъашон нисбати ҷанг бояд ҷониби адолат бошад. Ӯ ҳамчунин се сенориёи поёни ин ҷангро пешбинӣ кард ва тавсияҳое ба тоҷикони муқими ин ду кишвар дод.

Раҳбари мухолифини тоҷик гуфт ӯ ва бештари коршиносони ҷаҳон ба ин назар буданд, ки ҷанг дар Укроин воқеъ нахоҳад шуд, чун он ба нафъи ҳеҷ кишваре набуда, бар зарари ҳама тамом мешавад. “Таҳлили мо аз диди мантиқ буд, аммо маълум шуд мо ҳанӯз мантиқи диктаторонро дуруст дарк накардаем. Барои онҳо манофеъи шахсиашон аз манофеъи кишвару миллат болотар меистад” — изҳор дошт вай. 

Қабл аз шурӯъи гуфтугӯ дар бораи ҷанге, ки ҳоло ҷараён дорад, раҳбари ПМТ боздошти Нурулло Саидов, бародари Поягузори сулҳу тоҷикон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва чанде аз наздикони дигари ӯро шадидан маҳкум кард ва гуфт Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамон сиёсати қасосситонии худ аз рақибони пешинаш идома медиҳад.

Кабирӣ се сенориёи эҳтимолии хатми ҷанг байни ду кишвари ҳамзабони Русияву Укроинро пешбинӣ кард:

1. Русия Укроинро забт мекунад. 

Ба гуфтаи раҳбари мухолифини тоҷик пурэҳтимолтарин гузина ҳам ҳамин аст, ки Русия Укроинро комилан ӯ қисми асосии онро забт мекунад. Чун барои раҳбарияти Русия ин масъала дигар номусӣ шудааст ва омода аст бо ҳар қимате пирӯзӣ дар ин ҷангро ба даст орад. 

“Худо кунад, ки ин пешбинии мо, мисли пешбинии дигарамон, ки гуфта будем ҷанг намешавад, иштибоҳ бошад, аммо тамоми нишондиҳандаҳо ишора ба ҳамин мекунанд, ки ҳадафи Русия забти комили Укроин ба ҳар қимат аст”- таъкид кард ӯ. 

Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ ба ин бовар аст, ки ҳатто забти комили Укроин ҳам шикасти Русия аст. “Русия метавонад Киевро забт кунад, Янукович ё ягон нафари дигарро раисҷумҳур таъин кунад, ҳамонгуна, ки Раҳмоновро дар Тоҷикистон таъин карда буд. Аммо чанд моҳ пас бо сабабҳои зиёд Украина дубора ба истиқлолият мерасад ва Россия шикаст мехӯрад”. 

Аз сабабҳое, ки Русияро ҳатто баъди забти пурраи Украина шикаст интизор аст, раҳбари ПМТ ватандӯстии укроиноҳо ва муборизаҳои партизании онҳо, кӯмаки Ғарб ба онҳо ва дефолти иқтисодии Русия номбар кард.

2. Ҷонибҳо дар натиҷаи музокирот ба сулҳ мерасанд. 

Кабирӣ эҳтимоли сулҳи зудҳангомро камтар аз пирӯзии Русия медонад, аммо мегӯяд таҳримҳои Ғарб ва пешрафти кунди артишаш метавонад Русияро маҷбур ба гуфтугӯҳо ва сулҳ намояд.

3. Укроин дар ҷанг пирӯз мешавад.

Имкони пирӯзии Укроин дар ин ҷанг ба андешаи раҳбари Паймони миллӣ хеле кам аст, аммо бо дарназардошти қиёми саросарии укроиниҳо, кӯмаки Ғарб ва заъфи иқтисодии Русия дар натиҷаи таҳримҳо метавонад имконпазир бошад.

Аз тарафи дигар, ба гуфтаи ӯ шикасти Укроин шикасти демокросӣ, ҷаҳони озод ва ҳамаи озодихоҳон аст ва ҷаҳон бо кӯмаку дуъову дастгирӣ дар канори Укроин қарор гирифтааст. Кабирӣ таъкид кард «ҳар тоҷике, ки хоҳони истиқлол ва озодии кишвараш аст, новобаста аз он ки тарафдори Русия аст ё Укроин, бояд аз ин ҳаводис нигарон бошад».

Дар бораи ин ки тоҷикон дар ҷанги Русияву Укроин чи мавқеъе бояд дошта бошанд, раҳбари мухолифин гуфт “инҷо ду мавқеъ ҳаст — сиёсӣ ва инсонӣ. Мавқеъи сиёсӣ гоҳо аз мавқеъи инсонӣ фарқ мекунад, агарчи усулан набояд фосила зиёд бошад ва набояд мо мавқеъҳои инсониро қурбони мавқеъҳои сиёсӣ кунем. Аммо гоҳо ин мавқеъҳо каме фарқ мекунад. Барои мисол мавқеъи инсонӣ, озодихоҳӣ ва адолат талаб мекунад, ки мо тоҷикон дар канори укроиниҳо бошем. Аммо вазъият ин аст, ки дар Русия 1-1,5 миллион тоҷик кору зиндагӣ мекунад ва агар раҳбари Тоҷикистон ё раҳбари мухолифин ошкоро мавқеъи зиддирусиявӣ гирифт, бар зарари муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар тамом мешавад. Бинобар ин сиёсатмадорон маҷбур ва муваззафанд, ки ин масъаларо ҳам ба назар бигиранд”. 

Муҳиддин Кабирӣ гуфт ба зудӣ Паймони миллии Тоҷистон мавқеъашро дар ин масъала рӯшан хоҳад кард, аммо мардуми оддӣ “бояд ҳамеша дар ҷониби мазлум ва адолат бошанд”. 

Раҳбари ПМТ гуфт тибқи маълумоте, ки дорад тоҷикони шаҳрванди Укроин дар ҷанг алайҳи Русия барои ҳимояти ватани дуввумашон ширкат мекунанд. Ӯ аз ин тасмими онҳо қадрдонӣ кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки онҳо ҳамин гуна дар ҳимояи ватани аввалашон ҳам дастбакор хоҳанд шуд. 

Шакли комили сӯҳбати Муҳиддин Кабирӣ дар бораи ҷанги русияву Укроинро метавонед инҷо бубинед:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *