Рубрики Хабарҳо

Амрико Қудсро ба унвони пойтахт Исроил ба расмият шинохт. Ҳамаи ҷаҳон зид

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълом кард, ки Қудсро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият мешиносад. Ӯ гуфт: “тасмим гирифтаам, ки Қудс ба унвони пойтахти Исроил ба расмият шинохта шавад”.

Трамп бо баёни ин ки мӯътақид аст ин тасмим барои сулҳ ва тавофуқи пойдор дар минтақа муфид хоҳад буд, гуфт: “Исроил низ монанди ҳар давлати дигаре аз ҳаққи интихоби пойтахти худ бархӯрдор аст”.

Вай ҳамчунин афзуд: “сафорати Амрико дар Исроил низ ба Қудс мунтақил хоҳад шуд”.

Раисҷумҳури Амрико бо баёни ин ки ба вазорати умури хориҷаи ин кишвар дастур дода то муқаддамоти интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Қудсро оғоз кунад, тарҳи ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти Исроилро имзо кард.

Бисёре аз кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ниҳодҳои ҷаҳони ислом зимни мухолифат бо тарҳи Трамп барои шиносоии Қудс ба унвони пойтахти Исроил ва интиқоли сафорати Амрико ба ин шаҳр, нисбат ба расондани ин тасмим дар афзоиши хушунат дар Фаластин ва минтақа ҳушдор додаанд.

Аз ҷумлаи созмонҳои мухолиф бо тарҳи Трамп барои қудс, ки ба унвони нахустин қиблаи мусулмонон ва ҳамчунин сарзамине муқаддас барои масеҳиён ва яҳудиён шинохта мешавад, Созмони ҳамкории исломӣ, Иттиҳодияи араб ва Иттиҳодияи Аврупо будааст.

То кунун ҳеҷ кишваре аз тарҳи Трамп ҳимоят накардааст.

Туркия аввалин кишваре буд, ки вокуниш шадиде нисбат ба тарҳ Трамп дошт. Раисҷумҳури Туркия дар ин бора изҳор дошт: Қудс хатти қирмизи мусулмонон аст. Агар чунин иқдоме сурат гирад, зарфи чанд рӯз бо сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Истамбул ташкил ҷаласа хоҳем дод. Ин масъала ҳатто метавонад боиси қатъи равобити дипломатики мо бо Исроил шавад.

Эмануел Макрон раисҷумҳури Фаронса аз тасмими якҷонибаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар шиносоии Қудс ба унвони пойтахти Исроил, ибрози нигаронӣ кардааст.

Макрон дар тамоси телефонӣ бо Трамп зимни ибрози нигаронӣ аз тарҳи Амрико таъкид кардааст, ки тасмимгирӣ дар бораи мавқеияти Қудс фақат бо гуфтугӯ ва музокироти сулҳ миёни тарафи фаластинӣ ва исроилӣ муяссар хоҳад шуд.

 

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел низ эълон кард аз ин тарҳи Трамп ҷонибдорӣ нахоҳад кард. Ӯ гуфт ин масъала дар гуфтушуниди Фаластину Исроил бояд ҳал шавад.

 

Тереза Мей, сарвазири Бритониё аз ин иқдом интиқод кард ва гуфт: “мо бо тасмими ИМА розӣ нестем ва Қудсро ба унвони қаламрави ғасбшудаи Фаластин мешиносем”

 

Поп Фронсис, раҳбар рӯҳонии католикҳои ҷаҳон низ аз тарҳи давлати Амрико барои шиносоии Қудс ба унвони пойтахти Исроил ибрози нигаронӣ кард.

Вай гуфт: “нигарони Қудс ҳастам. Дар баробари таҳаввулоти ахир ва нигарониҳои ношӣ аз он наметавонам сокит бошам. Аз ҳамагон мехоҳам бар асоси қатъномаҳои Созмони милал ба Қудс эҳтиром бигзоранд”.

Федерико Могарини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодия Аврупо тайи баёнияе изҳор дошт: “дар гуфтугӯи телефонӣ бо Амин Ал-Сафдӣ, вазир умури хориҷаи Урдун дар бораи эҳтимоли шиносои Қудс ба унвони пойтахти Исроил аз сӯи Амрико табодули назар кардем.”

Бар асоси ин баёния, Могарини ҳамчунин тасреҳ кард: “Иттиҳодияи Аврупо эълом мекунад, ки ҳаргуна тасмим ё иқдоми якҷониба дар ростои тағйири вазъияти Қудс сабаби вокунишҳои ҷаҳонӣ ва паёмадҳои ҷиддӣ дар афкори умумӣ хоҳад шуд. Хоҳони тамаркуз бар раванди сулҳи Исроил- Фаластин ҳастем. Эълом Қудс ба унвони пойтахти Исроил аз сӯи Амрико бар раванди сулҳ таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Ба талоши худ барои оғози муҷаддади раванди сулҳ идома хоҳем дод”.

Муҳаммади шашум, подшоҳи Марокаш бо ирсоли паёме ба Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико нисбат ба интишори ахбори мабнӣ бар эъломи Қудс ба унвони пойтахти Исроил, иброз нигаронӣ кард.

Вай дар паёми худ бо ишора ба ин, ки ин иқдом ба раванди музокироти сулҳ байни Фаластин ва Исроил садама хоҳад зад, изҳор дошт: “ин паёмро ба унвони раиси кумитаи Қудси Созмони ҳамкории исломӣ, ки 57 кишвари исломӣ бо ҷамъияти афзун бар як миллиард нафар узви он ҳастанд, ирсол мекунам “.

Ҳайдар Ал-Ибодӣ, нахуствазир Ироқ изҳор дошт: “интиқоли сафоратхонаи Амрико ба Қудсро қабул надорем. Дар бора  натоиҷ  манфии ин амр низ ҳушдор медиҳем”.

Малик Абдуллоҳ, подшоҳ Урдун низ, ки бо Трамп, гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст, дар бораи хатароти ин тасмим ҳушдор дод ва гуфт: Қудс калиди сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон аст.

Тунис низ бар лузуми ҳифзи ҷойгоҳи қонунӣ ва таърихии Қудс таъкид кард.

Вазорати умури хориҷаи Арабистони Саудӣ бо эъломи ин ки мақомоти ин кишвар масъаларо бо нигаронӣ пайгирӣ мекунанд, ҳушдор дод иқдоми Амрико метавонад ба рӯйкарди бетарафонаи ин кишвар осеб зада ва як тарафдори бидуни ангеза хоҳад буд.

Дар баёнияи ин вазоратхона омадааст: “ин иқдом бозтобҳои бисёр хатарноке дар пай хоҳад дошт”.

Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ин иқдомро фитнаангез хонд ва таъкид кард, ки он метавонад боиси ташдиди хушунат дар минтақа шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *