21 декабри соли 2017 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мегардад.
Дар ин бора қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба тасвиб расид.
Дар ҳамин ҳол мавзӯъи ҷаласа ва масоиле, ки дар он барасӣ хоҳад шуд, эълон нашудааст.
Коршиносон тахмин мезананд, Рустами Эмомалӣ, ки ду рӯз қабл аз ин иҷлосия ба синии 30 солагӣ мерасад, ба узвияти Маҷлиси Миллӣ пазируфта шуда, сипас ба раёсати он хоҳад расид. Раисони вилояту ноҳия ва шаҳрҳои бузурги кишвар дар як вақт узви палатаи болоии парлумон ҳам ҳастанд, ки танҳо шаҳрдори пойтахт бинобар нарасидани синнаш то ҳол ба узфияти он пазируфта нашудааст.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи тағйироти воридшуда ба Сарқонун дар раъйпурсии 22 майи соли гузашта, синни узви Маҷлиси миллӣ аз 35 то 30-сола поин бурда шуд, вале раиси нави пойтахт танҳо 19 декабр 30-сола мешавад.
Дар сурати расидан ба раёсати Маҷлиси Миллӣ, Рустами Эмомалӣ расман нафари дуввум дар ҳукумат хоҳад шуд. Тибқи қонун, раиси Маҷлиси Миллӣ дар сурати марг, беморӣ ё истеъфои раисҷумҳур то интихоботи навбати раҳбарии давлатро ба дӯш мегирад.