Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон 30 000 тон гӯшт содирот карданист. Аз куҷо ва ба куҷо?

Истеҳсоли гӯшти мурғ дар Тоҷикистон аз оғози сол беш аз 44% афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, қимати ин намуди маҳсулот рӯ ба афзоиш аст. 

Тибқи иттилоъи вазорати кишоварзӣ дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ дар кишвар 10,8 ҳазор тон гӯшти мурғ истеҳсол шудааст, ки 44,1 дарсад бештар нисбати ҳамин давраи соли гузашта мебошад. 

Истеҳсоли гӯшти чорвои хурду калон бошад дар ин марҳала 3,7% бештар шуда, 36,7 ҳазор тонро ташкил додааст. 

Тоҷикистон ният дорар соли ҷорӣ истеҳсол гӯштиро то 278,1 ҳазор тон бирасонад. Дар ин бора дар пешбинии нишондиҳандаҳои асосси макроиқтисодӣ барои солҳои 2021-2023 зикр шудааст. 

Дар ҳамин ҳол роҳҳои расидан ба ин нишондиҳанда ва ҳамчунин талаботи умумӣ ба гӯшт дар кишвар дар ин ҳуҷҷат зикр намешавад. 

Дар ҳоли ҳозир қимати як кило гӯшти гов дар бозорҳои кишвар 65-67 сомониро  ($5,3) ташкил медиҳад. 

Тибқи пешбинӣ, Тоҷикистон нақша дорад ба хориҷ аз кишвар 30 ҳазор тон гӯшт содирот кунад. Дар ҳоле, ки қимати гӯшт дар кишвар баробар ба қиматҳои Аврупо аст, маълум нест масъулин гӯштро ба куҷо содир карданианд.

Аз тарафи дигар коршиносон ба оморҳои ироамекардаи мақомот бо шубҳа менигаранд. Бештари оморҳо дасткорӣ шуда, рақамҳо хеле бештар аз он чи ҳаст нишон дода мешаванд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *