Рубрики Хабарҳо

Фардо табибон ройгон беморонро муоинаву муолиҷа мекунанд

Пагоҳ, 7 апрел, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуда, ба аҳолӣ хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад,  иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин рӯз аз соати 8:00-и субҳ то бегоҳ дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-шаҳри Душанбе аз ҷониби устодону профессорон ва мутахассисони баландпояи соҳавӣ ба сокинони пойтахт хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад.

Чунин хизматрасонии тиббӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир карда шуда, аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар амалҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.

Дар ин рӯз устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ суҳбату машварати тахассусӣ доир менамоянд.

Шаҳрвандон бо муроҷиат ба ин муассиса ва муассисаи тандурустии макони зист дар сатҳи ҳар шаҳру ноҳия метавонанд бо машварат ва хизматрасонии ройгони мутахассисони соҳибтаҷриба фаро гирифта шаванд.

Хидматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон тибқи қонун асосан ройгон аст, аммо ин «ройгонӣ» солҳост, ки дар қоғаз боқӣ мондааст. Бинобар моҳонаи бисёр кам, табибон маҷбуранд аз беморон ҳаққи хидмат гиранд. Қисми асосии табибон кишварро тарк кардаанд ва ҳоло норасоии шадиди табибон дар тамоми нуқоти кишвар дида мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *