Рубрики Хабарҳо

Путин: Русия омодаи музокира бо тарафҳои даргир дар ҷанги Укроин аст

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мусоҳибае, ки рӯзи якшанбе 25 декабр аз телевизиони миллии ин кишвар пахш шуд гуфт, ки Маскав омодаи музокира бо тарафҳои даргир дар ҷанги Укроин аст аммо Киев ва ҳомиёни ғарбии он ҳозир ба гуфтугӯ нестанд. 

Ҳамлаи Русия ба Укроин дар 24 феврали соли 2022, ки маргбортарин ҷанг дар Аврупо пас аз ҷанги ҷаҳонии дувумро оғоз бахшид ба бузургтарин рӯёрӯии Маскав бо Ғарб пас аз буҳрони мушакии Куба дар соли 1962 табдил шудааст. 

Кремл мегӯяд то замоне, ки ба тамоми ҳадафҳои таъйиншудааш даст наёбад ҷанг хоҳад кард. Киев мегӯяд то замоне, ки охирин сарбози рус аз хоки Укроин, аз ҷумла шибҳиҷазираи Крим, ки Русия дар соли 2014 замимаи хоки худ кард, хориҷ нашавад, аз пой нахоҳад нишаст. 

Уилям Бёрнс, раиси Созмони CIA, дар мусоҳибае дар моҳи ҷорӣ бо баёни ин, ки тамоми даргириҳо бо музокира поён меёбанд афзуд, ки Русия ҳанӯз дар поён додан ба ҷанг аз тариқи музокира ҷиддӣ нест. Киев низ мегӯяд ин Русия аст, ки ҳозир ба музокира нест. 

Михаил Подоляк, мушовири раисҷумҳури Укроин ахиран дар твитте навишт: “Русия як тана ба Укроин ҳамла кард ва шаҳрвандонро мекушад. Русия хоҳони музокира нест ва масъулиятгурезӣ мекунад.” 

Путин мегӯяд гузина ва роҳи дигаре нест 

Раисҷумҳури Русия дар мусоҳибаи худ, ки аз шабакаи “Росия-1” пахш шуд гуфт, ки Русия дар ҷанги Укроин “масири дуруст” амал мекунад чаро, ки Ғарб ба раҳбарии Амрико дар садади фурӯ пошонидани Русия будааст. Вашингтон иттиҳоми тавтеа барои фурӯпошии Русияро рад мекунад. 

Вай гуфт: “бовар дорам, ки мо дуруст амал мекунем, мо аз манофеъи миллӣ, манофеъи шаҳрвандон ва мардуми худ дифоъ мекунем. Мо ҳеҷ гузинаи дигаре ба ҷуз ҳифозат аз шаҳрвандонамон надорем.” 

Путин дар ҷавоби ин савол, ки оё муноқишаи геополотикӣ бо Ғарб ба сатҳи хатарноке наздик мешавад гуфт: “фикр намекунам, хеле хатарнок нест.” 

Вай ҳамчунин гуфт, ин Ғарб буд, ки тухми муноқиша дар Укроинро дар инқилоби соли 2014 ва бо барафкандани раисҷумҳури ҳомии Русия кошт. 

Русия баъд аз тазоҳурот ва инқилоби “майдон” шибҳиҷазираи Крими Укроинро замимаи хоки худ кард ва ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия дар шарқи Укроин ҷанг алайҳи давлати марказӣ мустақар дар Киевро оғоз карданд. 

Владимир Путин дар бахши дигаре аз суханонаш гуфт: “дар ҳақиқат аслитарин мавзӯъ ин аст, ки сиёсати мухолифони геополитикии мо бар пора кардани Русияи таърихӣ мутамаркиз шудааст.” 

Путин мӯътақид аст, ки Ғарб аз соли 1991, соле, ки Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ аз ҳам фурӯ пошид, дар садади нобуд кардани Русия аст. 

Киев ва муттаҳидони ғарбии он мегӯянд ҷанге, ки Путин ба роҳ андохта ва тасарруфи арзӣ ба шеваи императориҳои собиқ, ки боиси ранҷу марг дар саросари Укроин шудааст, имрӯза тавҷеҳпазир нест. 

Путин дар ин мусоҳиба Русияро “кишвари беҳамто” бо “мардуми бемонанд” хонд ва гуфт: “99.9 дарсад шаҳрвандони мо, мардуми мо, ҳозиранд ҳама чизи худро фидои манофеъи сарзамини модарӣ кунанд ва ин мавзӯъ барои ман ғариб нест.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *