Укроин барои дувумин бор дар моҳи ҷорӣ ба пойгоҳи ҳавои Энгелс-2, мақари бомбафканҳои стратегии Русия дар наздикии Саратов ҳамла кард. Се нафар дар ин ҳамла кушта шуданд. Саратов 500 километр аз марзҳои Укроин фосила дорад.
Вазорати дифоъи Русия эълом кард 26 декабр соати яку 35 дақиқа ба вақти Маскав, падофанди зиддиҳавоии Русия як паҳподи укроиниро, ки дар баландии поин парвоз мекард ҳангоми наздик шудан ба пойгоҳи низомии Энгелс-2 дар минтақаи Саратов сарнагун кард.
Се низомии рус бар асари бархӯрди лошаи паҳподҳои ҷангӣ дар ин ҳамла кушта шуданд.
Имкони тафтиши ин иттилооти додашуда мавҷуд нест. Бархе расонаҳо аз захмӣ шудани чаҳор нафар гузориш доданд.
Вазорати дифоъи Русия ҳамчунин гуфтааст дар ҳамлаи паҳподии Укроин ба пойгоҳт Энгелс-2 «технологияи ҳавопаймоҳо осеб надидааст.»
Бомбафканҳои стратегӣ дар Энгелс-2 мустақар ҳастанд ва Русия аз мушакҳои онҳо барои нобудии зерсохтҳои энержии Укроин истифода мекунад. Шаҳри Саратов воқеъ дар канори дарёи Волга беш аз 500 километр бо марзи Укроин фосила дорад.
Ин аввалин ҳамлаи паҳподҳои ҷангии Укроин ба пойгоҳи ҳавоии Русия нест.
Ба гуфтаи манобеъи русӣ, ду ҳавопаймои ҷангии ин кишвар дар ҳамлаи Укроин дар аввали декабр ба Энгелс-2 осеб дидаанд.
Ҳамзамон бо он, пойгоҳи низомии дигари Русия дар Рязан воқеъ дар 200 километрии ҷануби шарқи Маскав низ ҳадафи ҳамалоти паҳподӣ қарор гирифтааст.
Дар гузашта Укроин масъулияти ҳамла ба чандин пойгоҳи ҳавоӣ дар нимҷазираи Кримео, ки ба Русия илҳоқ шуда, пазируфт. Аммо ин кишвар ҳаргиз ба сурати расмӣ масъулияти чунин ҳамалотеро дар хоки Русия бар ӯҳда нагирифтааст.
Доманаи ҷанги таҷовузгаронаи Русия алайҳи Укроин акнун ба дохили Русия кашонда шуда ва Путин маҷбур шудааст чандин бор пешниҳод гуфтугӯ ба тарафи Укроинӣ бидиҳад.