Рубрики Хабарҳо

«Дов»-и Суғдсинамо дар Калкутта «Беҳтарин филми ҳунарӣ»дониста шуд

Филми ҳунарии “Дов”, ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз  ҷониби “Тоҷикфилм” ва “Суғдсинамо” рӯйи навор омадааст, дар ҷашнвораи байналмилалии  синамои  Калкуттаи Ҳиндустон аз миёни даҳҳо филми кишваврҳои Осиё бо ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” қадрдонӣ гардид. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба “Суғдсинамо” ба хабар медиҳад.

Хотирнишон бояд намуд, ки қаблан филми мазкур дар ҷашнвораи синамои миллии “Тоҷи Сомон” соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” гардида буд. “Беҳтарин нақши мардона” низ ба Салоҳиддин Шукуров, иҷрокунандаи яке аз нақшҳои асосӣ дар ин филм тақдим карда шуд.

Дар филм ҳунарпешаҳои театру кинои  тоҷик, мисли Салоҳиддин Шукуров, Абдулмумин Шарифӣ, Исфандиёр Ғуломов, Баҳодур Миралибеков, Мавлона Наҷмиддинова, Фирӯза Раҳмонова ва дигарон нақш офаридаанд.  

Бояд гуфт, ки чанде пештар «Дов» дар Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон (International Film Festival of India) дар шаҳри Гоа низ намоиш дода шуд.

Фестивали байналмилалии кинои Ҳиндустон яке аз калонтарин ҷашнвора дар Осиё мебошад. Имсол дар ин ҷашнвора 187 филм аз 89 кишвари ҷаҳон намоиш дода шуд. 26 филми беҳтарини ин ҷашнвора барои дарёфти ҷоизаи Оскар пешбарӣ хоҳанд шуд.

Нахустнамоиши филми ҳунарии “Дов” дар Тоҷикистон, шоми 28-уми октябр, дар кинотеатри “Ватан” баргузор гардид.

Филм дар бораи ду рафиқ Қаҳҳор (Абдумамин Шарифӣ) ва Маннон (Салоҳиддин Шукурзода) қисса мекунад, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар солҳои 90-ум барои таъмини зиндагӣ ба ғайр аз касби худ, роҳҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд. Дар ин миён, яке аз рафиқон соҳиби лоторея мешавад ва ба ивази маблағ ба дӯсташ медиҳад. Филм атрофи ҳамин дов ё омад дар лоторея давр мезанад, ки он оқибат дӯстии ин ду нафарро барҳам мезанад. Бо гузашти вақт ҳарду хатогии якдигарро дарк мекунанд, вале Қаҳҳор  аз сактаи қалб вафот мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *