Рубрики Хабарҳо

Пирмуҳаммадзода ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигор ва блогери маъруфи тоҷик, ки моҳи июл боздошт шуда буд, ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Додраси парванда талаби айбдоркунандаи давлатиро, ки барои Пирмуҳаммадзода 7 соли зиндон пурсида буд, пурра қонеъ кард. 

Тибқи иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ, мурофиаи додгоҳӣ дар бинои боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор гардида, ҳукмро додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт имрӯз, 27 декабр содир кардааст.

Бародари Абдусаттор — Абдукарим Пирмуҳаммадзода ба рсаонаҳо гуфтааст, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Гуфтанист, ҳолатҳое, ки зинаи болоии додгоҳ қарори зинаи поёниро бозбинӣ карда бошад, бисёр кам иттифоқ афтода, аммо маҳкумшудагон ҳамеша ба муборизаашон алайҳи қарори додгоҳҳо идома медиҳанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *