Муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври оммавӣ вилояти Челябински Русияро тарк доранд.
Тибқи иттилои “Челябинскстат”, беш аз 75 ҳазор муҳоҷир ин минтақаро тарк кардаанд, ки ин аз афзоиши се баробарии тарки муҳоҷирон аз ин минтақаро шаҳодат медиҳад.
Аз моҳи январ то октябри соли 2022 беш аз 12,4 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ Урали Ҷанубиро тарк карданд.
Дар ҳоле ки дар ҳамин давраи соли 2021 хуруҷи муҳоҷирон ҳамагӣ ба 4,3 ҳазор нафар баробар буд.
Ҳамчунин коҳиши назарраси муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ ба қайд гирифта шудааст.
Гуфтанист, тамоюли хуруҷи муҳоҷирон дар соли 2022 на танҳо дар вилояти Челябинск ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин тавр, қаблан Свердловскстат гуфта буд, ки муҳоҷирон ба таври фаъол минтақаи Курганро тарк карданд. Дар айни замон шумораи рафтагон хеле зиёдтар нисбати омадагон ба ин минтақа аст.