Рубрики Хабарҳо

М. Кабирӣ дар гуфтугӯ бо ВВС: Мо президенти амалкунанда хоҳем дошт, ки машруъият надорад

“Ҳоло хеле душвор аст, ки бигӯем, чӣ касе метавонад шахсан оқои Раҳмонро ба чолиш бикашад. Аммо ман фикр мекунам, ки тарафи аслие ки оқои Раҳмонро хоҳад кашид, ин худи миллати тоҷик хоҳад буд ва он замон мушаххас хоҳад шуд, ки кадом нирӯ ё кадом шахс мушаххасан метавонад ояндаи кишварро мудирият кунад.”

ВВС-и форсӣ рӯзи 12-уми октябр дар робита ба эълони натоиҷи интихоботи президентии Тоҷикист, ки Эмомалӣ Раҳмон бо беш аз 90 дарсади оро баранда эълон шуд, гуфтугӯеро бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон анҷом дод, ки матни он ва видеои онро ба хонандагон ва бинандагони сайти Паём тақдим менамоем.

Матни пурраи гуфтугӯи ВВС-и форсӣ бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ, чунин аст:

ВВС: Эмомалӣ Раҳмон барандаи интихобот шуд. Назаратон чист?

М. Кабирӣ: Паймони Миллии Тоҷикистон, дигар нирӯҳое, ки дар хориҷ ҳастанд ва ҳатто аҳзоби мухолиф дар дохили кишвар ин интихоботро таҳрим карда, ғайриқонунӣ донистанд. Мо натиҷаи ин интихоботро қабул надорем.

ВВС: Чаро?

М. Кабирӣ: Барои инки ин интихобот ҳам аз лиҳози шаклӣ мухолифат ба қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон дошт ва ҳам аз нигоҳи муҳтаво як интихоботи бидуни рақобати воқеъӣ буд, зеро оқои Раҳмон худаш чанд нафареро ҳамчун рақиби худ таъйин кард. Шумо алъон гуфтугӯи чанде аз “рақибон”-и оқои Раҳмонро дидед ва ҳатто дар даврони маъракаи пешазинтихоботӣ низ инҳо аз оқои Раҳмон таърифу тамҷид мекарданд ва аз мардум даъват мекарданд, ки ба Раҳмон, рақиби аслии онҳо, овоз диҳанд. 

Пас ин интихобот на аз нигоҳи шакл ва на аз нигоҳи муҳтаво ҳеч рабте ба интихоботҳои демократӣ ва шаффоф надошт ва табиист, ки миллат ин интихоботро қабул нахоҳад кард. 

Албатта мо дар оянда баъди ин интихобот як президенти амалкунанда хоҳем дошт, аммо ӯ машруъияти мардумӣ нахоҳад дошт.

ВВС: Солҳост, ки оқои Раҳмон қудратро дар даст дорад ва шумо аз ҷумлаи аҳзоби мунтақид ва мухолиф будед ва даврае дар парлумон низ будед. Чӣ коре метавонед бикунед?

М. Кабирӣ: Мо алъон дар се самт кори худро идома хоҳем дод ва ин се самт самтҳои дипломатию сиёсӣ, ҳуқуқ-башарӣ ва расонаӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки ин самтҳое, ки мо солҳои ахир ҳамчун мухолифини дар хориҷ шуруъ кардем, натоиҷи хуб дода истодааст. 

Дар ин ду-се соли ахир корҳои мо натиҷа доданд ва алъон як тағйиротеро дар дохили кишвар, бахусус миёни қишрҳои ҷавон эҳсос мекунем. Дигар маҳбубияти Раҳмон ба он ҳадди пешин нест ва бедории мардуми тоҷик дар муқоиса бо ду-се соли қаблӣ хеле боло рафтааст. 

Ман фикр мекунам, ки он чизе ки алъон мардум мулоҳиза кард, як қадам ҳам бошад моро ба суқути режими бавуҷудовардаи Эмомалӣ Раҳмон наздиктар кард. 

ВВС: Чӣ шавоҳиде доред? Эмомалӣ Раҳмон мегуяд, 70 дарсади воҷидони шароити раъйдиҳӣ дар интихобот ширкат карданд ва болои 90 дарсад ҳам ба ӯ раъй доданд. Шавоҳиди шумо чист?

М. Кабирӣ: Бубинед, мо наздики 5 миллион афроди воҷиди шароити раъйдиҳӣ дар Тоҷикистон дорем, ки аз ин адад 2 миллиони он дар хориҷи кишвар мебошанд, мисли мо ва муҳоҷироне, ки дар Русия ҳастанд. Ҳатто билфарз тасаввур кунем, ки 100 дарсад аз воҷидони шароити раъйдиҳӣ дар дохили кишвар ба сандуқҳои раъй рафтанд, ин худ камтар аз 70 дарсади адади кулли воҷидони раъй мешавад. Яқинан, ки дар ҳама кишварҳо 10-20 ва ҳатто то 50 дарсади мардуми воҷиди раъй ба интихобот намераванд.

Бинобар ин, он оморе, ки Комиссияи марказии интихобот ё ҷаноби Раҳмон ироа мекунад, омори дуруғ аст ва мардум ҳама медонад, ки адади нафароне ки ба марокизи раъй рафтанд, ба маротиб камтар аз оне ки эълон шуд, аст. 

ВВС: Шумо ишора кардед, ки хезиши алайҳи оқои Раҳмон бошад ё ҳаракате аз дохил. Чӣ касе мумкин аст, ки дар ин қадду қомат ва ҳадду андоза бошад, ки оқои Раҳмонро ба чолиш бикашад?

М. Кабирӣ: Бубинед, баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳамагон медонанд, миллати тоҷик аз ин ҳама хезишҳо, инқилобҳо ва ҳодисаҳои дигаре, ки дар минтақаи собиқ Шуравӣ дида мешавад, як каме ваксин шуд. Аммо ин наметавонад бидуни интиҳо бошад. 

Мо мебинем, ки насли ҷавон дорад рӯи саҳна меояд, ки аслан ҷанги шаҳрвандиро ёд надорад ё ба чашми худ надидааст. Онҳо муқтазоёт ва талаботи худро доранд. Ҷои кор мехоҳанд, як кишвари озод мехоҳанд. Ҳоло Тоҷикистон аз ҷумлаи 10 кишвари саркубгартарини ҷаҳон шуд ва дар ҷои 8-ум бо кишварҳое мисли Сурия, Арабистони Саудӣ ва Кореяи Шимолӣ қарор гирифтем. Ҳамаи ин оқибатҳои худро дорад. 

Ҳоло хеле душвор аст, ки бигӯем, чӣ касе метавонад шахсан оқои Раҳмонро ба чолиш бикашад. Аммо ман фикр мекунам, ки тарафи аслие ки оқои Раҳмонро хоҳад кашид, ин худи миллати тоҷик хоҳад буд ва он замон мушаххас хоҳад шуд, ки кадом нирӯ ё кадом шахс мушаххасан метавонад ояндаи кишварро мудирият кунад. 

ВВС: Мамнунам аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон. 

М. Кабирӣ: Саломат бошед!

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *