Categories Хабарҳо

Таътили хонандагон тамдид намешавад

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сару садоҳои бархоста дар бораи тамдид шудани таътили зимистонаи хонандагони мактабҳоро беасос медонад. Вазорат мегӯяд, ки таътил ба тартибе, ки буд 10 рӯз аст ва дарсҳо 11-уми январ оғоз мешаванд. 

Чанд рӯзи охир сару садҳо дар мавриди тамдид шудани таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни волидон мечархад.

Хабаргузории «Азия-Плюс» бо истинод ба Вазорати маориф менависад ин овозаҳо бе асосанд. Бино ба иттилои ин ниҳод то имрӯз тасмими тамдид намудани таътили зимистонаи хонандагони мактаб гирифта нашудааст.

Эҳсон Сафарзода, мудири Маркази матбуоти вазорат мегӯяд, ки то имрӯз аз ҳеч ноҳияи кишвар, ҳатто ноҳияҳое, ки ҳаво дар он ҷо хеле сард аст, барои тамдиди таътил расман муроҷиатнома ворид нашудааст, ки солҳои пешин чунин дархостҳо мешуд.

«То имрӯз ҳатто тариқи телефон ба мо муроҷиат нашудааст, ки таътил то 25 идома меёбад. Таҷириба буд, ки соли гузашта аз деҳаҳои дурдасти ВМКБ расман муроҷиат карданд, ки бинобар сардии ҳаво таътили зимистона тамдид карда шавад. Ва ба хотирии сарди ҳаво дар ин минтақа таътили хонандагон як  ҳафти дигар идома ёфт. Вале имсол ба сардии ҳаво низ нигоҳ накарда ба Вазорати маориф касе муроҷиат накардааст», — гуфтааст Сафарзода.

Гуфтанист хонандагони мактабҳои Тоҷикистон аз 1 то 10-уми январ ба таътили зимистона рафта буданд, ки акнун 11-уми январ, рӯзи душанбе дарс дар мактабҳо оғоз мешавад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *